Сураи Зухруф – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зухруф – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи “Зухруф” Сураи 43-юми Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда аз 89 оят иборат аст.

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм

Зухруф” ном гирифтани ин сура, валлоҳу аълам, ба ин хотир аст, ки дар он бештар аз афроде ёфт мешавад, ки ба дунёи фонӣ ва хушиҳои он дил баста, охирату аҳволи онро аз ёд фаромӯш кардаанд. Як нишонаи имони комил ин аст, ки инсон бояд ба хубӣ дарк ва тасдиқ намояд, ки ин дунё ҷовидон нест, рӯзе он ба куллӣ аз миён хоҳад рафт. Одамӣ ҳам, ҷовидон дар он боқӣ намемонад ва рӯзе хоҳ ноҳоҳ онро тарк месозад. Аммо марг интиҳои зиндагӣ нест, балки он сарчашмаи ҳаёти нав аст, ки пас аз ҳисоб кардани дафтари амалҳои дунёӣ чӣ гуна будани он маълум мегардад. Яъне вобаста ба амалҳои дар дунё анҷомдода инсон метавонад саодат ё шақовати дунёи боқиро соҳиб шавад.

Дунё ва ҳам он чӣ дар дунёст, назди Аллоҳ таъоло арзише надорад. Аз ҳамин ҷост, ки аз неъматҳои он ба ҳар касе хоҳад, медиҳад, сарфи назар аз он, ки ӯ накӯкор аст ё бадкирдор. Аммо неъмату накӯии охират ба ҳар кас муяссар намегардад. Онро Аллоҳ таъоло танҳо барои бандагони солеҳу парҳезкори Худ ваъда кардааст. Агар касе охирати боқиро сарфи назар намуда, дунёи фониро беҳтар медонаду ихтиёр мекунад, нишонаи тираақлии ӯст.

Ҳамчунин чанд масъалаи зерин дар ин сура мавриди баҳс Қарор мегирад. Аввалан, ин сура маккӣ аст, чун дигар сураҳои дар Макка нозилшуда Қабл аз ҳама атрофи ақидаи исломӣ, аз ҷумла имон ба ваҳдонияти Аллоҳ таъоло, фариштагону пайғамбарон, ба хосса ҳазрати Муҳаммади мустафо (с), вуқӯъи рӯзи Қиёмат ва зинда гардонидан баъд аз миронидан ҳарф мезанад. Дар сура аз нузули Қуръони маҷид ишора рафта, таъкид мегардад, ки он ба забони фасеҳу лаҳни гӯшнишин чун як муъҷизаи доимӣ ва раднашаванда барои ҳазрати Муҳаммад (с), то ӯ (с) умуми мардумро ба сӯйи саодати ҷовидона раҳнамоӣ намояд, фиристода шудааст.

Барои исботи Қудрату ваҳдонияти Аллоҳ таъоло дар ин сура аз баъзе махлуқоти заминию осмонӣ ва табиати онҳо ва вобастагию мусаххар будани онҳо ба инсонҳо, ки бо иродаи Аллоҳ таъоло сурат гирифтааст, ёдовар мешавад.

Баъд аз он, дар бораи амали манфур ва ҷоҳилонаи арабҳо, ки духтаронро зинда дар гӯр мекарданд, сухан меравад. Дигар нишонаи ҷоҳилии онҳо ин буд, ки малоик (фариштаҳо)-ро духтарони Аллоҳ мегуфтанд. Бо омадани чанд оят дар ин сура шахсони аз роҳи ҳақ мунҳарифшударо ҳушдор медиҳад ва онҳоро мавриди ваъид Қарор дода, кор бурдани ақли солимро иршод фармудааст.

Мушрикон бар ин ақидаанд, ки ҳазрати Иброҳим (а) ҳамдину ҳамфикру ҳамақидаи онҳост. Вобаста ба ин, дар ин сура ба таври кӯтоҳу мушаххас, бо овардани оёте чанд ёва ва беҳуда будани гумони онҳоро ботил мегардонад. Гуфта мешавад, ки ҳазрати Иброҳим дар он миён ягона нафаре буд, ки одати бутпарастии ҳамқабилаҳои худро пайравӣ накард ва барои аз ҳам пош додани бутҳои беҷони онҳо даст боло кард.

Баъди ин, мушрикон таҳти ваъиди шадид Қарор мегиранд, зеро онҳо иддао доштанд, ки пайғамбарӣ на ба Муҳаммад (с), балки ба фарди сарватманд ва соҳиби мансаб вогузор мешуд. Бинобар ин ишора меравад, ки назди Аллоҳ таъоло мартабаи инсонҳо аз рӯйи молу мансаб муайян намешавад, зеро дунё ва ҳама дороии он назди Аллоҳ таъоло ҳеҷ арзише надорад. Агар барои мақоми олӣ, дороӣ ва мансаб ба назар гирифта мешуд, пайғамбарӣ ҳаргиз ба Муҳаммад (с), ки ятим буданд, намерасид.

Баъди ҳалли масъалаҳои судманд, барои мустаҳкам сохтани имони бандагони муъмин, ки ташнаи шунидани Қиссаҳои ибратбахши китоби осмонианд, Қиссаи ҳазрати Мӯсо (а)-ро, ки саршор аз мубориза бо Фиръавни лаъин аст, тақдими онҳо мекунад.

Мисол овардани чунин Қиссаҳои судбахш, барои ҳама шахсоне, ки мағрур бо дороию мансабашон шуда, шахсонеро, ки назди Аллоҳ таъоло арзандаанд, озору шиканҷа медиҳанд, ҳушдори Қатъист. Эшон ҳамчун Фиръавни лаъин ва амсоли ӯ чи дар дунё ва чи дар охират, таҳти азоби шадид Қарор мегиранд. Ба хосса ба он сарварони ҷоҳилони Қабилаи Қурайш, ки нисбати Пайғамбар (с) беҳурматӣ зоҳир месохтанд, ҳушдор дода мешавад, ки сарнавишту анҷоми кори онҳо ба сарнавишти Фиръавни лаъин монанд хоҳад шуд.

Хатми сура аз рӯзи охират, аҳволи он, оқибати кори гунаҳкорон баҳс мекунад.

Ин буд назаре ба мундариҷаи сураи “Зухруф”.


Рӯйхати оятҳои Сураи Зухруф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шӯро Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зухруф Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)