Сураи Шӯро Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуро Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шӯро Ояти 53

صِرَاطِ اللّٰهِ الَّذِىۡ لَهٗ مَا فِى السَّمٰوٰتِ وَمَا فِى الۡاَرۡضِ‌ؕ اَلَاۤ اِلَى اللّٰهِ تَصِيۡرُ الۡاُمُوۡرُ ٥٣

Сиротиллаҳи-л-лазӣ лаҳу ма фи-с-самавати ва ма фи-л-арЗ. Ала илаллоҳи тасӣру-л-умур. 53.

53. Ба роҳи он Аллоҳе, ки он чӣ дар осмонҳост ва он чӣ дар Замин аст, аз они Ӯст. Огоҳ бош: хос ҳама корҳо ба сӯи Аллоҳ бозмегардад!

Аллоҳ таъоло зимни ин оятҳои карима ба ҳабиби Худ (с) иршод фармудааст, ки чунон, ки ба Пайғамбарони аз Ту (с) пешгузашта ваҳйи Худро фиристодем, инчунин ба сӯйи Ту (с) ҳам рӯҳи худ, яъне Қуръонро ҳамчун дастур фиристодем. Ту ай Муҳаммад (с), пеш аз фиристодани Қуръону шариъат бо тафсилу пурра намедонистӣ, ки китоб чисту имон чист.

Лекин мо Қуръонро барои бандагони парҳезгори Худ ҳамчу нури дар зулумоти гумроҳӣ шуъладиҳанда гардонидем, ҳар киро аз бандагони Худ хоҳем, ба воситаи он ҳидоят намоем. Дар ҳақиқат, ту ҳам ай Муҳаммад (с), метавонӣ мардумро ба сӯйи дини ростин, ки Ислом аст, ба воситаи Қуръон иршоду ҳидоят намоӣ. Албатта, ислом дини Аллоҳ аст, дар он ҳеҷ нодурустӣ дида намешавад. Ӯ таъоло чунин Зотест, ки соҳиби замину Осмонҳову он чӣ дар онҳост. Огоҳ бош, ки бозгашти тамоми корҳо ва ҳаллу фасли онҳо ба сӯйи Аллоҳи ягона аст. Аллоҳ таъоло ҳамаи корҳоро байни бандагони Худ аз рӯйи адли комил файсалаву ҳукм менамояд!

Хулоса, Қуръон сухани Парвардигори оламиён буда, дастури наҷотбахшу интихобшудаи ҳаёти инсон аст. Қуръон аз вартаи марги ҷаҳолат наҷотдиҳандаи инсон аст. Агар инсон дили худро барои ин дурру ганҷинаи бемонанд муҳайё созад, Қуръон нури ҳидоятро дар дили ӯ мекорад. Молик ибни Динор гуфтааст: “Эй аҳли Қуръон, имрӯз Қуръон дар дилҳои шумо чӣ корид?”.

Поёни сураи “Шуро” ва лиллаҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шӯро Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зухруф – Тафсири Осонбаён (Қуръон)