Сураи Зумар Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 19

اَفَمَنۡ حَقَّ عَلَيۡهِ كَلِمَةُ الۡعَذَابِ ؕ اَفَاَنۡتَ تُنۡقِذُ مَنۡ فِى النَّارِ‌ ١٩

А-фа ман ҳаққа ъалайҳи калимату-л-ъазаби а-фа анта тунқизу ман фи-н-нар. 19.

19. Оё касе, ки бар вай ваъдаи азоб собит шуд, оё ту онеро, ки дар оташ афтодааст, халос карда метавонӣ?

Дар тафсири Қуртубӣ зимни ояти мазкур омада, ки Набӣ (с) барои имон овардани Қавми худ ки баъзе онҳо дар куфрашон сахт устувор буданд, бисёр ҳарис буд, бинобар ин ояти мазкур нозил гардид.

Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Ин оят дар ҳаққи Абӯ Лаҳаб ва фарзандони ӯ ва хешовандони Расулуллоҳ (с), ки аз имон овардан тахаллуф варзида буданд, нозил гардидааст».

Ба ҳар тақдир, валлоҳу аълам, эзоҳи ояти мазкур, чунин аст: Аллоҳтаъоло Расули Худ (с)-ро фармудааст, ки ай Ҳабибам (с), оё ту ба ҳидояти шахсоне, ки дар такдирашон бадбахтию азоб аз тарафи Аллоҳтаъоло сабт шуда бошад, Қодир шуда метавонӣ? Оё шахсонеро, ки аз сабаби гумроҳию гунаҳкорӣ ба дохил шудани нор ҳукм шудаанд, Қуввати наҷот додан дорӣ? Ин бадбахтонро ҳеҷ кас ба ғайри Аллоҳ наҷот дода наметавонад! Ҳамчунин онҳоро ба роҳи дуруст оварда ҳам наметавонӣ. Ҳидоят аз ҷониби Аллоҳтаъолост, кори банда фақат таблиғ аст!


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)