Сураи Зумар Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 22

اَفَمَنۡ شَرَحَ اللّٰهُ صَدۡرَهٗ لِلۡاِسۡلَامِ فَهُوَ عَلٰى نُوۡرٍ مِّنۡ رَّبِّهٖ‌ؕ فَوَيۡلٌ لِّلۡقٰسِيَةِ قُلُوۡبُهُمۡ مِّنۡ ذِكۡرِ اللّٰهِ‌ؕ اُولٰٓٮِٕكَ فِىۡ ضَلٰلٍ مُّبِيۡنٍ ٢٢

А-фаман шараҳаллоҳу садраҳу лил ислами фа ҳува ъала нури-м ми-р-Раббиҳ. Фа вайлу-л лил Қасияти Қулубуҳум-м мин зикриллаҳ. Улаика фӣ Залоли-м мубӣн. 22.

22. Оё касеро, ки Аллоҳ синаи ӯро барои дини Ислом фарох кардааст, пас, ӯ аз ҷониби Парвардигори худ бар равшанӣ бошад, (оё ӯ монанди касест, ки имон надорад)? Пас, вой бар шахсоне ки дилҳои онҳо аз ёди Аллоҳ сахт аст, онҳо ошкоро дар гумроҳиянд!

Оё шахсе ки Аллоҳтаъоло садру синаи ӯро барои ғунҷоиши нури Ислом васеъ кардааст, дар ҳақиқати Ислом ягон шакку шубҳа надорад ва барои иҷрои аҳкомҳои ин дини мубин хушҳол асту дилаш тангу нофорам намегардад, чароғи ҳидояти Аллоҳтаъоло барояш сироталмустиқим (роҳи рост)-ро рӯшанӣ дорад, ба шахсе, ки аз шунидани номи Ислом озурдаву рӯйгардон аст, ҳар айберо ёбад, ба ислом мебандад, кӯрдил асту аз шунидани ҳарфи ҳақ тангдил мешавад баробар аст? Боз такроран мепурсам, инсоф кунед, гӯед, ки оё ин ҳарду тоифа бо ҳам баробаранд? Ҳаргиз! Пас, вой бар ҳоли чунин афроде, ки аз Ислом дурӣ меҷӯянд. Дилашонро дар ҷаҳолат санг гардонидаанд. Чашми ҳақбин надоранд. Аз зикри Аллоҳ дурӣ меҷӯянд. Дар торикиҳои гумроҳӣ фурӯ рафтаанд. Аз шунидани Қуръон нармдил намегарданд. Бо тақлиди кӯр-кӯронаи бобою аҷдоди худ ҳайрону саргардонанд, дар шак умр ба сар мебаранд.

Ояти зер ҳамчу шиъор далолат бар он мекунад, ки барои ҳосил шудани нури ҳидоят ва шифои Қалбию рӯҳӣ Қуръон сабаб аст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)