Тафсири Сураи Зумар Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Зумар Ояти 29
ضَرَبَ اللّٰهُ مَثَلًا رَّجُلًا فِيۡهِ شُرَكَآءُ مُتَشٰكِسُوۡنَ وَرَجُلًا سَلَمًا لِّرَجُلٍ ؕ هَلۡ يَسۡتَوِيٰنِ مَثَلًا ؕ اَلۡحَمۡدُ لِلّٰهِ ۚ بَلۡ اَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُوۡنَ ٢٩
Зарабаллоҳу масала-р-раҷулан фӣҳи шуракау муташакисуна ва раҷулан салама-л ли раҷулин ҳал яставийани масалп. Ал-ҳамду лиллаҳ. Бал аксаруҳум ла яъламун. 29.
29. Аллоҳ достони як барда(-и муштарак)-еро баён мекунад, ки шарик (соҳиби)-он бар зидди якдигар дар боби вай ихтилофкунанда бошанд ва бардае, ки холис барои як мард бошад. Оё ин ҳар ду мард дар мисол овардан баробаранд? Ҳама ситоишҳо аз они Аллоҳ аст, балки аксари онҳо намедонанд.
Аллоҳтаъоло ин масаларо барои ду гурӯҳ инсонҳо яке Худоро якто донанда (муваҳҳид) ва дигаре ба Худо шарик оранда (мушрик) овардааст, то онҳо бо чунин мисолҳо фаҳму идроки худро бо роҳи рост равона созанд. Ӯ таъоло фармудааст, ки ғуломмарди, муштараке бошад, ки хоҷагонаш якчанд мардони бадкор ва байнашон ихтилоф бошад, ҳар яке аз онҳо ғуломро ба хидмати хеш кашад. Яке гӯяд, ки аз паи фалон кор шав, дигаре гӯяд, ки рав ин корро кун ва монанди ин, ғуломи бечора аз ин ҳайрон монда, намедонад хидмати кадом якеро кунад. Дар ҳолати дигар ғуломмарде бошад, ки як хоҷа дорад, хоҷааш соҳиби хулқи нек аст. Ғулом медонад, ки ӯро танҳо як хоҷа аст, бинобар ин ӯ бо ихлоси тамом хидмати вайро ба ҷо меорад. Ҳатто дар хидмати хоҷааш омода аст аз баҳри ҷони худ гузарад. Зеро аз хоҷааш фақат некӣ дидааст ва ӯро ба ин гуна подош арзанда мебинад. Оё ҳолати ин ду ғулом якасту, онҳоро як хел шароит муҳайёст? Магар онҳо аз рӯйи оромию осоиш, вазъият, некӣ ва ҳусни зиндагӣ бо ҳамдигар баробаранд? Тафовути инсони муваҳҳиду мушрик монанди ҳамин аст. Қалби бандаи мушрик ба чандин тараф кашол аст, зеро ӯ якчанд ақида дораду чандин маъбуди ботилро парастиш мекунад, ки онҳо ибодатро сазовор нестанд. Ӯ банди фикру андеша аст, ки кадом як бутро аз худ розӣ кунад. Ҳарчанд мушрикон зоҳиран орому дар ақидаи худ худро устувор нишон диҳанд ҳам, дар асл фикрҳои мағшуш онҳоро азоб медиҳад, ки ин гуна худоҳои сершуморро чӣ гуна аз худ розӣ мекунанд?
Аммо онҳое, ки муваҳҳиданд, тамоми фикру ақидаи онҳо танҳо ба сӯйи як маъбуд, ки Ӯ Аллоҳи ягона аст, равон карда шудааст. Ҷидду ҷаҳди онҳо баҳри он равона карда шудааст, ки ризои Аллоҳи ягонаро соҳиб шаванд. Онҳо боварии комил доранд, ки бо пайдо кардани хушнудии як Зоти пок ба хушнудии дигаре эҳтиёҷ надоранд. Албатта, муваҳҳид, дар ин ақида ҳамеша устувор боқӣ мемонад. Бинобар ин, дар давоми ояти мазкур Аллоҳтаъоло фармудааст, ки ҳама ситоиш ва хубӣ мар Аллоҳрост, ки ин Қадар ҳуҷҷату бурҳон бар зидди мушрикон барпо намуда, ин Қадар мисоли дилпазир оварда, ҳақиқатро фаҳмонидааст. Аммо боиси таассуф аст, ки аксари мардум хусусан мушрикон инро дарк намекунанд ва сухани ҳақро Қабул надоранд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «