Тафсири Сураи Зумар Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Зумар Ояти 28
قُرۡاٰنًا عَرَبِيًّا غَيۡرَ ذِىۡ عِوَجٍ لَّعَلَّهُمۡ يَتَّقُوۡنَ ٢٨
Қуранан ъарабиййан ғайра зӣ ъиваҷи-л лаъаллаҳум яттақун. 28.
28. (Мо) Қуръонро бо забони арабӣ (нозил кардем), дар он ҳеҷ каҷие нест, то шояд онҳо парҳезгорӣ кунанд.
Аллоҳтаъоло зимни оятҳои мазкур фармудааст, ки дар ҳақиқат барои мардум дар ин Қуръон бо мисолҳои нафъовар ва хабарҳое, ки ҳамаи мардум ба онҳо мӯҳтоҷанд, масъалаҳои барои инсонҳо зарурро равшан баён сохтем. Ин барои он буд, ки шояд онҳо аз хондану шунидани он панд гиранд. Барои он ки онҳо дар ғафлат намонанду бе маърифати Аллоҳ умри худро дар гумроҳӣ зоеъ накунанд, дар оятҳои Қуръон ҳам амр дида мешаваду ҳам наҳӣ. Бо мақсаде, ки Қуръон барои онҳо фаҳмо бошад, онро ба забони арабӣ нозил гардонидем. Ба ҳеҷ ваҷҳ дар он ихтилофу ноқисӣ вуҷуд надорад. Ин барои он буд, ки онҳо аз Аллоҳ битарсанд, аз ҳаромҳо ва гуноҳҳо дурӣ биҷӯянду аз ақидаҳои нодуруст рӯйгардон бошанду аз шунидани ин панду насиҳатҳои равшан ба роҳи рост Қадам зананд…
Валлоҳу аълам Ояти зер, мисоле барои ин гуфтаҳост:
Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «