Тафсири Сураи Зумар Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Зумар Ояти 38
وَلَٮِٕنۡ سَاَلۡتَهُمۡ مَّنۡ خَلَقَ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضَ لَيَـقُوۡلُنَّ اللّٰهُ ؕ قُلۡ اَفَرَءَيۡتُمۡ مَّا تَدۡعُوۡنَ مِنۡ دُوۡنِ اللّٰهِ اِنۡ اَرَادَنِىَ اللّٰهُ بِضُرٍّ هَلۡ هُنَّ كٰشِفٰتُ ضُرِّهٖۤ اَوۡ اَرَادَنِىۡ بِرَحۡمَةٍ هَلۡ هُنَّ مُمۡسِكٰتُ رَحۡمَتِهٖ ؕ قُلۡ حَسۡبِىَ اللّٰهُ ؕ عَلَيۡهِ يَتَوَكَّلُ الۡمُتَوَكِّلُوۡنَ ٣٨
Ва лаин саалтаҳум-м ман халақа-с-самавати ва-л-арЗа ла яқулунналлоҳ. Қул а-фа раайтум-м ма тадъуна мин дуниллаҳи ин ароданияллоҳу би Зуррин ҳал ҳунна кашифату Зурриҳи ав ароданӣ би раҳматин ҳал ҳунна мумсикоту раҳматиҳ. Қул ҳасбияллоҳ. Ъалайҳи ятаваккалу-л мутаваккилун. 38.
38. Ва агар онҳоро бипурсӣ, ки «кадом кас осмонҳо ва Заминро офарид?», албатта гӯянд: «Онҳоро Аллоҳ офарид». (Ба мушрикон) Бигӯ: «Моро хабар диҳед он чиро, ки шумо ба ғайри Аллоҳ мепарастед, агар Аллоҳ ба ман зарареро хоҳад, оё бутони шумо дуркунандаи зарари Худованд ҳастанд? Ё агар Аллоҳ ба ман раҳматеро хоҳад, оё ин бутон боздорандагони раҳмати Ӯ ҳастанд?». Бигӯ: «Маро Аллоҳ басандааст, бар вай таваккулкунандагон таваккул мекунанд».
Аҷоиб ин аст, ки агар аз бутпарастон пурсида шавад, ки кадом зот ин осмонҳо ва Заминро офаридааст, онҳо аломатҳои Қудрати Аллоҳтаъолоро дар офариниши ин ду мебинанд ва дигар ҳеҷ ҷои инкорашон намемонад. Дарҳол мегӯянд: «Инҳоро Аллоҳтаъоло офаридааст». Дар давоми оят Аллоҳтаъоло ба Расули Худ (с) амр мекунад, ки ба онҳо бигӯ, агар Аллоҳтаъоло ба ман зарар ё балоеро ирода кунад, шумо метавонед аз он бутҳоятон хоҳиш намоед, то он балоро аз ман гардонанд? Оё онҳо ба чунин кор Қодир ҳастанд? Ё Аллоҳтаъоло раҳматеро аз неъматҳояш ба ман ирода кунад, бутҳои шумо метавонанд онро манъ бисозанд? Ҷавоб маълум аст, ки онҳо, албатта, «не» мегӯянд. Дар идома Аллоҳтаъоло ба Расули Худ чунин фармудааст, ки ба онҳо бигӯ, ки Аллоҳтаъоло маро басандаву кифоякунанда аст ва ман ба сӯйи дигаре ба ҷуз Аллоҳи ягона таваҷҷӯҳ намекунам. Фақат ва фақат ба Ӯ таваккалу эътимод мекунам. Ӯ таъоло воҳид (ягона) аст ва ҳама таваккалкунандагон танҳо ба Ӯ таваккал мекунанд, на ба чизи дигар.
Албатта, ояти мазкур барои мушрикон ва бар зидди бутпарастии онҳо ҳуҷҷат нишон дода сарзанишу таҳдиди шадидааст. Зеро таҷрибаҳои нишон додаанд, ки бутпарастӣ ба ғайри зиён дигар фоидаеро намеорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «