Сураи Зумар Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 40

مَنۡ يَّاۡتِيۡهِ عَذَابٌ يُّخۡزِيۡهِ وَيَحِلُّ عَلَيۡهِ عَذَابٌ مُّقِيۡمٌ ٤٠

Ма-й яътӣҳи ъазабу-й юхзӣҳи ва яҳиллу ъалайҳи ъазабу-м муқӣм. 40.

40. Чӣ шахсеро азобе биёяд, ки ӯро расво кунад ва чи касеро азоби ҷовид фуруд ояд».

Аллоҳтаъоло ба Ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки ба мушрикони пандношунав бо таҳдиди шадид бигӯ, ки шумо бо ин роҳи нодурусти худ рафтан гиред ва ба ҳоли худ амалҳои бадатонро анҷом додан гиед. Ман ҳам ба ҳоли худ он амалеро, ки даъвати мардум ба сӯйи ҳидояти Аллоҳтаъолою изҳори дини Ӯст, иҷро кардан мегирам. Ба зудӣ хоҳед донист, ки азоби расвокунанда дар дунё бар сари кӣ меояд ва дар охират кӣ ба азоби доимии Ҷаҳаннам гирифтор мешавад? Оё бандае, ки Аллоҳи ягонаро ибодат мекунаду пайрави Қуръон аст, дар охир комёоб мегардад, ё нафаре, ки садҳо оохудо»-ҳои худсохтаро парастиш мекунад? Чун азоби доимӣ нозил шавад, бигӯед, ки ин азоб ба мӯъминон воқеъ мешавад ё ба мушрикон? Мақсад аз ин таҳдиди шадид ҳушдор додани мушрикон асту ишораи нусрати Аллоҳтаъоло ба Ҳабиби Худ (с). Маънои ин ишора дар ғазои «Бадр» маълум гардид. Барои тасаллии Ҳабиби Худ (с) Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ояти зерро нозил намуда ба ӯ (с) ишора намуд, ки ҳидояти мардум ба дасти Ту нест, ки ба онҳо Қаҳру ғазаб бикунӣ. Ҳидоят аз Аллоҳтаъолост, агар хоҳад онҳоро ҳидоят мекунад ё ба ҳамон гумроҳияшон боқӣ мегузорад. Баъд аз таблиғ дигар барои онҳо масъул нестӣ.


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)