Сураи Зумар Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 41

اِنَّاۤ اَنۡزَلۡنَا عَلَيۡكَ الۡكِتٰبَ لِلنَّاسِ بِالۡحَقِّ‌ ۚ فَمَنِ اهۡتَدٰى فَلِنَفۡسِهٖ‌ ۚ وَمَنۡ ضَلَّ فَاِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيۡهَا‌ ۚ وَمَاۤ اَنۡتَ عَلَيۡهِمۡ بِوَكِيۡلٍ ٤١

Инна анзална ъалайка-л-китаба ли-н-наси би-л-ҳаққ. Фа маниҳтада фа ли нафсиҳ. Ва ман Залла фа иннама яЗиллу ъалайҳа. Ва ма анта ъалайҳим би вакӣл. 41.

41. Батаҳқиқ, Мо Китобро ба ростӣ барои ҳамаи мардум бар ту фурӯ овардем. Пас, ҳар кӣ роҳ ёфт, фоидаи он аз они ӯст. Ва ҳар кӣ гумроҳ шуд, пас, ҷуз ин нест, ки бар зарари нафси худ гумроҳ мешавад. Ва ту бар онҳо вакил нестӣ.

Аллоҳтаъоло дар ин оят фармудааст, ки ай Муҳаммад (с), дар ҳақиқат, ин Қуръонро барои ту ва барои ҳамаи мардум нозил намудем. Барои китоби осмонӣ будани он далелҳои баръало рӯшан мавҷуд аст. Дар он ҳеҷ сухани ботилу бемаъно дида намешавад. Амал ба дину оини Қуръонӣ дуруст аст. Пас ҳар касе аз он баҳраву панд бардорад ва ба он амал намояд, суди он ба ҳамон шахс мерасад. Ҳар касе ба ин китоб эътиқод накунад ва имон наораду онро сармашқи зиндагии худ надонад, пас ӯ гумроҳ аст. Подоши ин гумроҳӣ ба ӯ бармегардад. Бинобар ин, ай Ҳабиби Ман (с), ту бар онҳо вакил ва масъул нестӣ, ки онҳоро ба таври зӯрӣ ба ин дин ворид созӣ.


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)