Чанд донистанӣ оид ба “Hollywood”

0

Ҳолливуд яке аз маконҳои машҳури сайёҳӣ ба шумор рафта, дар баробари садо додани ин ном пеши назари ҳамагон  филмҳои ҷолибу диданӣ пайдо мешавад. Навиштаҷоти “Hollywood” ки дар ин макон ҷойгир аст, таваҷҷуҳи бисёриҳоро ба худ ҷалб намудааст.  Чанд донистании аҷибро дар ин бора пешкаши шумо мегардонем:


Навиштаҷоти Hollywood (пеш HOLLYWOODLAND)  13-уми июли соли 1923 дар теппаи Маунт Лии наздикии шаҳри Лос-Анҷлеси штати Калифорнияи Амрико на барои рекламаи синамоофарӣ, балки ба хотири фурӯши мавзеъ дар шакли реклама гузошта шудааст.


Ҳар як ҳарфи он 9 метр паҳно ва 15 метр дарозӣ дошта, аз 4000 чарогак иборат  ва дар баландии 491 метр ҷойгир аст. Ҳарфҳо рӯзона ранги сафедро дошта, шабона ба воситаи чароғакшо рангҳои гуногунро инъикос мекунанд.


18-сентябри соли 1923 ҳунарпешаи 24-сола Пел Энтуисл зимни баргаштан аз Ню-Йорк  аз болои ҳарфи “Н” аз баландии 30 метр ба замин афтида, ҳалок мешавад.


Соли 1949 Маунт Ли Алберт Коте бо таъсири нушокии спиртӣ аз уҳдаи идораи мошин баромада натавониста, ба харфи “Н” бармехӯрад. Мошину ҳарф вайрон гардида, худи Алберт зинда мемонад.


Соли 1944 ҳукумати Лос-Анҷлес 455 га замини Маунт Лиро харидорӣ менамояд, ки дар он Ҳолливуд низ шомил буд. Мувофиқи қарордод бояд, ҳарфҳои ин реклама пурра бардошта мешуд, вале ин корро барои 5-сол мавқуф мегузоранд.


Соли 1949 ҳукумат рекламаро ба пуррагӣ бардоштан мехоҳад, вале сокинони маҳалла ба ин монеъ мешаванд. Он гоҳ танҳо қисми охири реклама …LAND-ро нест мекунанд.


1-сентябри соли 2000-ум Ҳукумати ИМА қонуне қабул мекунад, ки мувофиқи он набояд касе аз 45 метр камтар ба Ҳолливуд наздик гардад. Дар ҳолати наздикшавӣ садои огоҳкунанда шунида шуда, муҷримро дар ҳаҷми калон ҷаримабандӣ мекунанд. Ғайр аз ин дар ин ҷо набояд бе иҷозатнома филм ё рекламае ба навор гирифта шавад.


Ҳолливудро  макони синамо мегӯянд. Зеро дар ин ҷо студияҳои филмофарии зиёде сохта шуда, ситораҳои машҳури синамо  макони зист ихтиёр кардаанд.  Боз чиҳо медонед?  Нависед, то мо низ бидонем. 🙂

Зиндагиатонро дар 7 рӯз тағйир диҳед


Голивуд бо забони точики, маълумот дар бораи Голливуд.

Мақолаи қаблӣ4 тавсияи олӣ барои хушҳолӣ
Мақолаи баъдӣДалелҳои ҷолиб аз ҳаёти Алберт Эйнштейн

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед