Магар Месси мусалмон аст? Ё чаро ӯ ҳангоми гол задан ба сӯи осмон менигарад? Ин ва чанд факти ҷолиб дар бораи Месси

Аввалин шартномаи Лионел Месси дар Барселона декабри соли 2000–ум, дар яке аз меҳмонхонаҳои Барселона ба имзо расидааст. Шартнома миёни директори Барселона – Карлес Рексач ва падари Месси ба миён омад ва дар он ҷо директори клуб аз пешхизмат дархости қоғазро намудааст. Аз сабаби оне ки дар он ҷо қоғаз набуд, шартнома дар “салфетка” ба имзо расид, ки то ҳол дар осорхонаи даста нигоҳ дошта шудааст.
Аввалин бозии Месси дар мунтахаби Аргентина, ки 17-уми августи соли 2005 бар муқобили Венгрия баргузор шуда буд, ҳамагӣ 47 сония давом кард. Ӯ дар аввалин бозие, ки дар мунтахабаш гузаронидааст, ҳамагӣ 47 сония бозӣ карда, бо гирифтани аввалин корти сурх дар таърихи бозиҳояш аз майдон ронда мешавад. Аз он замон то ҳол Месси дигарбора корти сурх нагирифтааст.
Лионел Месси дар Ҷоми Ҷаҳон – 2006, ки дар Олмон баргузор шуда буд, ҳамчун ҷавонтарин футболбози аргентинӣ рекорди худро дар таърихи Ҷоми Ҷаҳон гузошта буд.
Бисёриҳо даъво мекунанд, ки Месси мусалмон аст ва дини исломро қабул кардааст. Ҳангоми гол задан ба сӯи осмон нигариста, ангушти ишоратиашро боло карданаш далели мусулмонии уст, вале худи Месси дар яке аз мусоҳибаҳояш қайд намуда буд, ки ӯ ин амалро ба хотири бибияш иҷро мекунад, яъне голҳояшро ба ӯ мебахшад, чунки бибияш сабаби футболбоз гардидани ӯ шудааст.
Месси, дар бораи Месси, бо забони точики, Лионел Месси.



Дар назари ман ма балечкий Мессий мебошам агар он мусалмое набошад аз он балейчики ро мекнам