Сураи Ъабаса Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ъабаса Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ъабаса Ояти 22

ثُمَّ اِذَا شَآءَ اَنۡشَرَهٗؕ‏ ٢٢

Сумма иза шаа аншараҳ. 22.

22. Баъд аз он ҳар гоҳ хоҳад, ӯро зинда месозад.

Худованд ҳар вақто ки хоҳад, барои ҳисобу китоби рӯзи қиёмат ӯро аз нав зинда мегардонад. Бовар намудан ба зинда гаштан баъд аз миронидан як рукни имон аст. Барои Аллоҳтаъолое, ки инсонро аз қатраи оби палид (обе, ки агар ба ҷое расад, он ҷоро шуста пок мегардонанд) бо ин қадар зебоию камолот офарид, аз нав зинда гардонидани ҷасади мурда баъд аз пӯсида хок шудани он ҳеҷ душворие надорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ъабаса «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ъабаса Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ъабаса Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)