Тафсири Сураи Ъабаса Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ъабаса Ояти 23
كَلَّا لَـمَّا يَقۡضِ مَاۤ اَمَرَهٗؕ ٢٣
Калла ламма яқЗи ма амараҳ. 23.
23. Не-не! он чӣ ӯро фармуд ба амал наовард.
Ҳаққо, инсони мушрику кофир ҳеҷ гоҳ аз пайдоиши худ, аз қабру азоби он (олами барзах), аз зинда шудани бори дувум фикру андеша намекунад. Ҳатто на Холиқи худро мешиносад ва на ба фармудаи Ӯ амал мекунад. Он нофармонбардор ин қадар кибр меварзад, ки ҳарчи Аллоҳтаъоло амр кардааст, мисли имону тоъату ибодат ва дигар амрҳо, то ҳол ба ҷо наовардааст. Дилкӯб шавад чунин инсон, ки лоақал ба таъоми худ назар намекунад?!
Рӯйхати оятҳои Сураи Ъабаса «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «