Тафсири Сураи Ъабаса – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ъабаса 80-уми сураи “Қуръон” буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 42-оят иборат аст.
Номи ин сура аз нахустин ояти он гирифта шудааст. “Абаса” дар луғат ба маънои туршрӯй омадааст. Ҳамчунин ба маънои “чеҳра дар ҳам кашидан” низ меояд.
Вақте ки ҳазрати Расулалллоҳ (с) мардумро ба сӯйи дини Ислом даъват мекарданд, бузургони Қурайш аз Ислом овардан саркашӣ карданд. Расули Худо (с) мехостанд, бузургони Маккаи муаззама ба зудӣ ба дини Ислом дароянд, ба умеди он ки шояд ба сабаби Ислом овардани сардорони Макка ҳамқавмон ва тобеъонашон низ майл ба дини тоза эълоншуда намоянд, рӯзе бо чанде аз сардорони қавми Қурайш мулоқот мекарданд. Дар ин ҳангом Абдуллоҳ ибни Умми Мактум, ки ҳар ду чашмонаш нобино буд, ба назди ӯ (с) омад ва аз Он ҳазрат (с) дархост намуд, ки аз “Қуръон” барои ӯ чизе таълим бидиҳад. Чун Расули Худо (с) ба даъвати сардорони Қурайш машғул буданд, ба Абдуллоҳ ибни Умми Мактум таваҷҷуҳ зоҳир накарданд. Он нобино дар хоҳиши худ он қадар исрор кард, ки бар Расулуллоҳ (с) гарон омад ва хотири мубораки Он кас (с) ошуфта шуд ва чеҳра дар ҳам кашида, аз ӯ рӯй гардониданд. Дар ҳамин асно Аллоҳтаъоло ба Расули Худ (с) ваҳй фиристод ва ин сураи муборак нозил шуд. Аз маънои оятҳои ин сура бармеояд, ки ҳазрати Муҳаммад (с) мавриди итоби Худованд қарор гирифтааст. Оятҳои ин сура бори дигар китоби осмонӣ будани Қуръон-и азимушшаънро собит месозанд. Зеро кадом шахс ҳангоми роҳбарияти хеш дар китоби худ худро мавриди сарзанишу итоб қарор медиҳад?. Ҳамчунин рӯшан мегардад, ки чун Расуллуллоҳ (с) ба хотири даъвати мардони баландмартабаю бузург ва молдору номдор аз иҷобату дархости марди нобино рӯй тофтанд, Худованд Он касро итоб кард.
Ин итоб далолат бар он мекунад, ки дини мубини Ислом як дини баробарию бародарӣ аст. Миёни мардуми хурду бузург, сарватманду гадо, молдору бенаво фарқият намегузорад.
Баъди омадани итоби Худованд, ҳазрати Муҳаммад (с) ҳар куҷо, ки Абдуллоҳ ибни Умми Мактумро медиданд, ё ба ҳузури ӯ меомаданд, ба истиқболи ӯ аз дари марҳамат аз ҷой бармехестанд ва ридои муборакашонро бар Замин аз баҳри ӯ меандохтанд ва мегуфтанд:
“Марҳабо би ман ъотабанӣ фиҳӣ Раббӣ” яъне “Хуш омад касе, ки дар боби вай Парвардигори ман бар ман итоб намуд!”.
Ин буд назари мухтасар ба мундариҷоти сураи Абаса.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ъабаса «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «