Тафсири Сураи Ахкоф Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳқоф Ояти 35
فَاصۡبِرۡ كَمَا صَبَرَ اُولُوا الۡعَزۡمِ مِنَ الرُّسُلِ وَلَا تَسۡتَعۡجِلْ لَّهُمۡؕ كَاَنَّهُمۡ يَوۡمَ يَرَوۡنَ مَا يُوۡعَدُوۡنَۙ لَمۡ يَلۡبَثُوۡۤا اِلَّا سَاعَةً مِّنۡ نَّهَارٍ ؕ بَلٰغٌ ۚ فَهَلۡ يُهۡلَكُ اِلَّا الۡقَوۡمُ الۡفٰسِقُوۡنَ ٣٥
Фасбир кама сабара улу-л-ъазми мина-р-русули ва ла тастаъҷил-л лаҳум. Ка аннаҳум явма яравна ма йуъадуна лам ялбасу илла саъата-м мин наҳар. Балағ. Фа ҳал юҳлаку илла-л-қавму-л-фасиқун. 35.
35. Пас, сабр кун, чуноне ки улу-л-азм (Расулони соҳибони мартабаи бузург) сабр карданд. Ва бо шитоб барои онҳо уқубатро талаб макун. Рӯзе, ки он чиро, ки ваъда мешуданд, бинанд, чунон аст, ки онҳо (дар дунё) намондаанд магар соате аз рӯз. Ин (гуна андарзҳо) пайғом расонидан аст. Пас, ҳалок карда нашаванд, магар қавми бадкори фосиқро.
Парвардигор Ҳабиби худ (с)-ро мефармояд, ки ай Муҳаммад, дар ивази озоре, ки аз мушрикон ба ту мерасад, чунон ки расулони собиқи улулъазм: Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо ва Исо (а) аз худ сабр нишон доданд, сабру таҳаммул кун. Чун ошкор гардид, ки инкоркунандагон, хоҳ дар дунё ва хоҳ дар охират, ба ҷазо гирифтор мешаванд, то расидани ваъдаи муайяншуда ту дар муомилаи хуб бош ва дар интиқоми онҳо шитоб макун ва сабрро пешаи худ соз. Зеро, хоҳ нохоҳ, омадани ваъда барои онҳо ногузир аст. Чун онро бубинанд, аз даҳшат тамоми роҳатҳои дар дунё доштаашонро фаромӯш созанд. Гӯё дар дунё аз соате беш зинда набуданд. Аллоҳ таъоло дар давоми ояти карима мефармояд, ки ин суханҳоро ҳамчун панду насиҳат расонидем ва тамоми баду некро фаҳмонидем ва ҳуҷҷатҳоро барояшон ба тамом во намудему таблиғ фармудем. Акнун барои кофирону фоҷирон балоҳои ҳалоккунанда ба сабаби он меояд, ки онҳо аз имону тоъати Ӯ таъоло берунанд. Ҳазрати Расулуллоҳ (с) ба он амри илоҳӣ амал намуданду ба озори мушрикон сабр варзиданд ва сафи пайғамбарони улулъазм ба он зот муяссар гардид.
Хонандаи мухлис, ақидаатон бояд саҳеҳ бошад, ки низом, оромиву осоиши олам аз баракати дуъоҳои бандагони муқарраб (наздиккардашуда)-и даргоҳи илоҳист.
Поёни сураи «Аҳқоф». Ва лиллаҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳқоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «