Тафсири Сураи Мухаммад – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҳаммад дар Мадина нозил шуда, дорои 38 оят аст.
Ин сура чун дигар сураҳои дар Мадинаи мунаввара нозилгардида, ҳукмҳои шариъатро баён намуда ба ин гуна мавзӯъҳо чун ҷанг, асирон, тақсими моли ғанимат ва аҳволи мунофиқон дахл мекунад.
Меҳвари асосии сура дар атрофи набард дар роҳи Худо давр мезанад.
Сура бо ояте ибтидо меёбад, ки ба кофироне, ки дар муқобили Аллоҳ таъоло ва фиристодаи Ӯ душманӣ варзида, ба имон овардану ба Ислом дохил гардидани мардум монеъ мешуданд, ишора мекунад.
Сипас бар муъминон амр мешавад, ки дар муқобили душманони ба дини ростини Аллоҳ хиёнаткунанда ва пок кардани замин аз онҳо мубориза баранд. Чунон мубориза намоянд, ки дигар душманонро ҳеҷ гуна шаъну шавкат боқӣ намонад ва ҷон ба саломат бурдагонашонро низ ба асорат гиранд. Баъдан иззат ва нусрат ёфтани муъминон, ки он ба василаи чанг задан ба домани дини Аллоҳ ҳосил мегардад, баён мешавад. Ҳақ таъоло барои ибрати мушрикони Макка аз умматҳои саркашу золими гузашта ва анҷому натиҷаи амалҳои онҳо намунае меорад. Дар давоми сура амалҳои палиди мунофиқон ва расвогии онҳо ва хатари онҳо барои ривоҷи дин кашф мегардад. Хатми сура муъминонро дар роҳи Аллоҳ барои нусрат, равнақ ва иззати дини Ӯ таъоло ба кӯшишу ҷиҳоди ҳақиқӣ даъват менамояд. Таъкид месозад, ки дар муқобили қувваҳои бад ва тоғӣ аз худ сустию заъифӣ нишон надиҳанд. Ишора мешавад, ки барои ҳирси дунё шуда, аз бастани сулҳи бемаъно бо душман барҳазар бошанд. Зеро дунё фаношаванда ва он чӣ назди Аллоҳ таъоло барои накӯкорон аст, боқию хайр бошад…
Ин буд маълумоти кӯтоҳ доир ба сураи «Муҳаммад».
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «