Википедияи тоҷикӣ (форсӣ-тоҷикӣ) — нусхаи забони тоҷикии вебгоҳи Википедия аст, ки бо забони тоҷикӣ то 22 майи соли 2011 бо беш аз 9 300 мақола дар раддаи саду дуюми Википедияҳои забонӣ қарор дошт. Дар 19 майи соли 2012 ҳамроҳ бо Википедияи Галикӣ Скотландӣ аз марзи 10 000 мақола гузашт ва дар раддаи саду даҳуми Википедияҳо қарор гирифт.

Википедияи Тоҷикӣ — қисмати Википедия ба забони тоҷикӣ мебошад, ки энсиклопедияи (донишномаи) зудкори онлайнии ройгон ва таҳрираш озод аст. Донишнома 27 январи соли 2004 таъсис ёфтааст. Декабри соли 2006 шумораи мақолаҳои он аз 3 500 номгўй, корбаронаш 200 нафар ва 2 нафар мудирро ташкил медод. 11 августи соли 2011 Википедияи Тоҷикӣ дорои 9 373 мақолаҳо (дар ҷойи 78) буд. Дар 19 майи соли 2012 шумораи мақолаҳои он аз 10 000 гузашт. Дар Донишномаи тоҷикӣ бештари мақолаҳо дар гурӯҳҳои «Ҷуғрофия», «Таърих» ва «Забонӣ» вироиш шуда буданд. Дар боқимонда гурӯҳҳои Википедияи Тоҷикӣ мақолаҳои нопурра вироишшуда ба назар мерасиданд ва шаблонҳои википедӣ камшумор буданд.
17 декабри соли 2015 шумораи мақолаҳои Википедияи Тоҷикӣ зиёда аз 40 000 ташкил медод.
википедияи точики, вики, точики, бо забони точики.


