Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 6
اَلنَّبِىُّ اَوۡلٰى بِالۡمُؤۡمِنِيۡنَ مِنۡ اَنۡفُسِهِمۡ وَاَزۡوَاجُهٗۤ اُمَّهٰتُهُمۡ ؕ وَاُولُوا الۡاَرۡحَامِ بَعۡضُهُمۡ اَوۡلٰى بِبَعۡضٍ فِىۡ كِتٰبِ اللّٰهِ مِنَ الۡمُؤۡمِنِيۡنَ وَالۡمُهٰجِرِيۡنَ اِلَّاۤ اَنۡ تَفۡعَلُوۡۤا اِلٰٓى اَوۡلِيٰٓٮِٕكُمۡ مَّعۡرُوۡفًا ؕ كَانَ ذٰلِكَ فِى الۡكِتٰبِ مَسۡطُوۡرًا ٦
Ан-набийю авла би-л-муъминӣна мин анфусиҳим. Ва азваҷуҳу уммаҳатуҳум. Ва улу-л-арҳами баъЗуҳум авла би баъЗин фӣ китабиллаҳи мина-л-муъминӣна ва-л-муҳаҷирӣна илла ан тафъалу ила авлийаикум-м маъруфа. Кана залика фи-л-китаби мастуро. 6.
6. Ба тасарруф дар умури мусалмонҳо аз худи онҳо дида, Пайғамбар сазовортар аст ва занони Пайғамбар модарони он (мусалмон)-ҳоянд ва хешовандони баъзеи аз онҳо ба баъзе дар ҳукми Худо аз ҷамиъи мусалмонҳо ва муҳоҷирон наздиктаранд, лекин касе ба сӯи дустони худ некуӣ бикунад (ҷоиз бошад). Ин ҳукм дар Китоб (Лавҳу-л-маҳфуз) навишта шуда аст.
Мояи ифтихори Зайд ибни Ҳориса буд, ки Расулуллоҳ ӯ (р)-ро ба фарзандӣ Қабул фармуда буд. Ӯ (р) барои ба Расулуллоҳ (с) фарзандхонд будан, ҳатто аз баҳри падару модари худ гузашт. Чун ояти Қаблӣ нозил шуду ҳукми фарзандхондиро бекор кард, табиист, ки он ба рӯҳияи Зайд ибни Ҳориса (р) таъсири калон расонд. Ояти таҳти назар барои тасаллӣ ва дилбардории ӯ (с) нозил шуд. Дар Қисми аввали он Худованд фармуд, ки ин Пайғамбар (с) бар муъминон чунон мартабаи баланд ва чунон Қадру Қиммати бузурге дорад, ки ҳатто аз падари аслии фарзандхонд, ҳатто аз ҷони ҳар шахси муъмин баланд аст. Оре! Ин дараҷаи олиеро, ки дар ин дунё Худованд ба ӯ (с) додааст, ба ҳеҷ кас надодааст. Барои боз ҳам дурусттар ва аниқтар мақому мартабаи Расуллоҳ (с)-ро фаҳмида шавад, ба ҳадиси ривояткардаи Имом Бухорӣ (р) рӯй меорем. Имом Бухорӣ ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) чунин фармуданд: «Қасам ба Зоте, ки нафсу ҷони ман дар ихтиёри Ӯст, то ин ки ҳар кадоми шумо аз нафси худатон ва аз молу ҳолу аҳлу аёлу фарзандонатон ва аз ҳама мардум маро дӯсттар надоред, муъмин (и-комил) шуда наметавонед!» Дар дигар ҳадиси ривояткардаи Имом Бухорӣ (р) омадааст: «Вақто ки Расулуллоҳ (с) аз гуфтани сухани худ фориғ шуданд, Умар (р), ки он ҷо ҳузур дошт, гуфт: «Ай Расули Худо! Ба Аллоҳ Қасам, ки Шумо дар назди ман ба ғайри ҷонам, дигар аз ҳама чиз маҳбубтаред». Расулуллоҳ (с) дар ҷавоби Умар (р) гуфтанд: «На! Эй Умар! То ин ки ман дар назди ту аз ҷонат дида маҳбубтар набошам, (имонат комил) намешавад!» Дар посух Умар (р) гуфтанд: «Ай Расули Худо! Ба Худо Қасам, ки шумо барои ман аз ҳама чиз, ҳатто аз ҷони худам ҳам маҳбубтаред»! Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Эй Умар! Ана акнун шуд» Барои маълумоти бештар дар бораи ин Қисми оят, ба ояти 40-уми ҳамин сура муроҷиат шавад.
Савол: Ҳоло Муҳаммад (с) дар байни мо нест, то чун Умар (р) дар ин хусус гуфтушунид кунем ва маҳбубияти ӯ (с)-ро барои худ собит гардонем, то ин, ки диламон ором гирад, чи кор бояд кард? Бояд гуфт, ки танҳо бо дӯст доштани шахсияти ӯ (с), кор ба охир намерасад. Балки бо пайравӣ ва тобеъ шудан ба ҳар таълимоте, ки барои муъминон ӯ (с) аз ҷониби Парвардигор овардааст ва дар мартабаи аввал гузоштани он, метавон гуфт, ки маҳбубияти Расулуллоҳ (с) дар ман аз ҳама чизам, ҳатто аз ҷони худам зиёдтар аст. Хулоса, касе, ки бо Қуръон ва ба суннати Расулуллоҳ (с) пайравӣ накарда ба дигар таълимотҳои назариявии аз тарафи инсонҳо пешниҳодшуда пайравӣ кунад, кӣ будани худашро худаш Қазоват кунад.
Дар давоми оят Худованд мақоми ҳамсарони ӯ (с)-ро баён карда гуфтааст, ки ҳамсарони Пайғамбар (с) дар ҳурмату издивоҷ, монанди модарони онҳост. Яъне, чуноне ки дар шариати Ислом бо модари худ издивоҷ ҳаром аст, бо онҳо низ издивоҷ ҳаром аст. Ҳатто баъди аз олам гузаштани Расулуллоҳ (с) низ бо онҳо издивоҷ мумкин нест. Зеро онҳоро Худованд, модарони муъминон ном бурдааст. Аммо дар ғайри амри издивоҷ дар дигар мавридҳо барои муъминон онҳо бегонаанд.
Масалан духтарони онҳо ё хоҳарони онҳо барои муъминон, духтар ё хоҳар ҳисобида намешаванд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
Ҳамчунин ҳамсарони Расулуллоҳ (с) маҳрам нестанд, ба ин маъно, ки ба сӯи онҳо нигоҳ кардан ё дар хилват нишастан, мисли зани номаҳраманд.
Аммо, чуноне ки гузашт бо хоҳарон ва духтарони онҳо бо роҳи шаръӣ издивоҷ ҷоиз аст. Дар давоми ояти мавриди назар масъалаи аз ҳамдигар мерос бурдани муъминон баён шудааст. Пеш аз он ки ба эзоҳи ин ҷузъи оят шурӯъ шавад, зарур донистем, ки ҳодисаи аҷиберо, ки дар ибтидои дини Ислом байни саҳобагони муҳоҷиру ансор рӯй дода буд, мухтасаран баён шавад. Дар ин хусус муаррихон гуфтаанд: пеш аз нузули ин ҷузъи ояти мазкур, барои Исломи худро нигоҳ доштан, саҳобагони аҳли Макка, молу ҳол, зану фарзанд, ҳатто ватани худро тарк карда, ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кардаанд. Саҳобагони ансорӣ низ бо туфайли ба дини Ислом даромаданашон бо мушкилотҳои зиёд рӯ ба рӯ шуданд. Аз он ҷумла, байни онҳо ва пайвандонашон, ки ҳоло дини Исломро Қабул надоштанд, ҳама алоқа бурида шуд.
Бо ҳамин тариқ, дар ивази аз даст додани наздикони худ чи ансориҳо бошанд ва чи муҳоҷирон, дар кофтукови дӯстони ҳамфикру ҳамақида шуданд. Дар он асно бо ривояти Ибни Аббос (р), Расулуллоҳ (с) бо ҳам бародар шудани онҳоро тадбир кард ва ба онҳо гуфт: “Бояд шумо бо ҳамдигар як-як аҳди бародарӣ баста, ҳамдигарро ба оғӯш гиред! Ҳатто номи онҳоро аз ду тараф гирифт ва гуфт: «Эй фалон, хез ба фалонӣ дар оғуш шав ва бо ҳам аҳди бародарӣ банд». Ва дар чунин аҳди бародарӣ масъалаи аз ҳамдигар мерос бурдан низ дохил шуд. Яъне чун яке аз онҳо аз олам мегузашт, дигаре аз онҳо ва агар зинда мебуд, меросбари кулл ҳисоб мешуд. Бо ҳамин тариқ, муддате чанд манъи мерос бурдани наздикон аз ду тараф давом кард. Бо мурури замон, оҳиста-оҳиста Ислом ва оилаи шахсони мусалмони муҳоҷир ва ҷамъияти онҳо шаклу тартиб ва мустақилияти худро пайдо кард. Ҳамзамон шароити мерос бурдани хешовандон низ муҳайё шуд. Қисми ояти мазкур нозил гардид, аз ҳам мерос бурдани бародархондагиҳо мансух (аз амал манъ) эълон кард. Локин аҳди бародарӣ ҳамчунон боқӣ монд. Яъне Худованд фармуд, ки дар боби мерос бурдан, улуларҳом (хешовандон)-и ҳар кас нисбат ба як дигар аз муъминоне, ки муҳоҷиранд, беҳтаранд. Хулоса, аз ин баъд, то вақте ки аз тарафи модар ё аз тарафи падар ягон авлод боқист, дӯст ё бародархонда аз мерос маҳрум эълон шуд. Локин пеш аз вафот барои дӯст ё бародархондаи худ чизеро васият кунад, васиятшуда метавонад аз се як ҳиссаи ӯро соҳиб шавад. Ё ин ки ворисон бо иттифоқи ҳамдигар ба хотире, ки дӯст ё бародархонда дӯсти падар ё модари онҳост, аз моли мерос чизеро ё кулли чизе, ки васият шудааст, ба ӯ ҳачму садақа ва эҳсон диҳанд, ба шарти ин ки яке аз онҳо ноболиғ набошад, шариъат манъ накардааст. Он чи, ки дар ин оят зикр шуд, дар китоби Аллоҳ таъоло (Лавҳулмаҳфуз) сабт шудааст. Бо чунин дастурот амал кардан воҷиб аст. Мерос бурдани бародархондагӣ бошад, ҳукми мувақуатӣ буд. Чун шароит фароҳам шуд, масъалаи мерос бурдани хешовандон ба асли худ бозгашт. Валлоҳу аълам.