Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 56
اِنَّ اللّٰهَ وَمَلٰٓٮِٕكَتَهٗ يُصَلُّوۡنَ عَلَى النَّبِىِّ ؕ يٰۤـاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا صَلُّوۡا عَلَيۡهِ وَسَلِّمُوۡا تَسۡلِيۡمًا ٥٦
Инналлоҳа ва малаикатаҳу юсаллуна ъала-н набийй. Йа айюҳа-л-лазӣна аману саллу ъалайҳи ва саллиму таслӣма. 56.
56. Ҳаройина, Худо ва фариштагони Ӯ бар Пайғамбар дуруд мефиристанд. Эй мусалмонон, бар вай дуруд фиристед ва саломи некӯ гӯед (таслими фармони ӯ бошед)!
Худованд дар ояти мазкур Қадру Қимати Расулуллоҳ (с)-ро баён карда, фармудааст, ки ҳамоно, Худованд ва фариштагони Ӯ бар Пайғамбар (с), доимо салавот (дуруд) мефиристанд. (салавот дар луғат ба маънои дуъост). Саловоте, ки аз ҷониби Парвардигор гуфта шавад, ба маънои раҳмат, ризвон, шаъну шарафи ӯ (с)-ро назди фариштагон боло бардоштан ва аз ӯ (с) розӣ будан аст. Агар аз ҷониби фаришагон гуфта шавад, ба маънои дуъо ва истиғфор аст, ки дар шаъни ӯ (с) мегӯянд. Агар аз ҷониби инсон гуфта шавад, дуо ва бузургдошт аст ва агар аз ҷониби парандаву хазанда ва дигар ҷондорҳо гуфта шавад, тасбеҳ ва таҳлил аст).
Хулоса, Худованд ба Пайғамбари Худ (с), раҳмати Худро мефиристад. Фариштагон барои ӯ (с) аз Худованд истиғфору омурзиш талаб мекунанд ва инсонҳои уммат бо дуъову дуруд ӯ (с)-ро Қадрдонӣ менамоянд. Баъди чунин таъкидҳо Худованд дар давоми ояти мазкур ба касоне, ки ба Худованду Расули Ӯ (с) имон овардаанд хитоб карда фармуд, ки эй шахсоне, ки имон овардаед, шумо низ бар ӯ (с) дуруд фиристед ва салом гӯед ва таслими амри ӯ шавед. Яъне бар рӯҳи пурфутуҳи ӯ (с) ҳам дуруду ҳам салом гӯед! Уламо иттифоқ бар он доранд, ки бар ҳар як мусалмон ҳадди ақал дар умр як маротиб ба Расулуллоҳ (с) дуруд фиристодан фарз аст. Зеро бо лафзи салавоту салом, дуруд бар Расулуллоҳ (с) фиристодан шиъори махсуси ҳар мусалмон аст. Агар дар ҳолати дуруд фиристодан калимаи «салом» ва калимаҳои «олу асҳоб» илова шавад, ҷоиз аст. Масалан: «Худоё! Бар Муҳаммаду олу асҳоби Муҳаммад (с) дуруду салом бифрист».
Дар боби фазилати дуруд фиристодан бо ривояти Анас (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Агар касе бар ман як бор дуруд фиристад, Худованди мутаъол бар ӯ даҳ бор дуруд мефиристад ва аз души ӯ даҳ гуноҳро сабук мегардонад». Ҳамчунин аз Расулуллоҳ (с) пурсиданд, ки бахил кист? Дар посух Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Бахил касест, ки номи маро шунавад, аммо бар ман дуруд нафиристад».
Хулоса, чунин ҳадисҳо дар бораи фазилати дуруд ба Расулуллоҳ (с) хело зиёд аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «