Сураи Аҳзоб Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 60

۞ لَٮِٕنۡ لَّمۡ يَنۡتَهِ الۡمُنٰفِقُوۡنَ وَ الَّذِيۡنَ فِى قُلُوۡبِهِمۡ مَّرَضٌ وَّالۡمُرۡجِفُوۡنَ فِى الۡمَدِيۡنَةِ لَـنُغۡرِيَـنَّكَ بِهِمۡ ثُمَّ لَا يُجَاوِرُوۡنَكَ فِيۡهَاۤ اِلَّا قَلِيۡلًا ٦٠

۞ Ла ил лам янтаҳи-л-мунафиқуна ва-л лазӣна фӣ Қулубиҳим-м мараЗу-в ва-л-мурҷифуна фи-л-Мадӣнати ла нуғрияннака биҳим сумма ла юҷавирунака фӣҳа илла Қалӣла. 60.

60. Агар мунофиқон ва ононе, ки дар дилҳои онҳо беморист ва дар Мадина хабари бадро фошкунандаанд, аз кори худ бознаистанд, албатта, туро бар онҳо баргуморем, бо ту дигар дар Мадина ҳамсоя набошанд, магар замони андак,

Аллоҳтаъоло сухани худро бо Қасам таъкид намуда гуфтааст, ки агар шахсони мунофиқ ва шахсоне, ки дар кори дин Қалбашон бемор аст (яъне дар дилашон шаку шубҳа доранд), ва низ касоне, ки дар Мадина алайҳи мусалмонон хабарҳои дуруғро паҳн мекунанд (яъне хабар паҳн карданд, ки гӯё мусалмонон заифанд ва ба зудӣ аз ҳам пош мехӯранду мушрикон ғалаба мекунанд), аз нифоқ ва аз ингуна паҳн кардани хабарҳои дуруғ даст набардоранд, албатта, туро болои онҳо ғолибу мусаллат мегардонем. Сипас, онҳо наметавонанд дар Мадина, дар ҳамсоягии ту ҷуз андак вақте боқӣ бимонанд. Агар ҷилои ватан шаванд ҳам, онҳо дар амон нестанд. Зеро Худованд дар ҳаққи онҳо гуфтааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)