Сураи Алақ Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Алак Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Алақ Ояти 19

كَلَّا ؕ لَا تُطِعۡهُ وَاسۡجُدۡ وَاقۡتَرِبْ۩ ١٩

Калла ла тутиъҳу васҷуд вақтариб. 19.

19. Не не! Ҳаргиз ҳарфашро қабул макун, саҷда куну ба Худо наздик шав.

Дар мазмуни ин оят Аллоҳтаъоло Расули Худ (с)-ро таъкид мекунад, ки эй Расули гиромӣ, агарчанде он шақии бадбахт (яъне Абӯҷаҳл) туро аз тоъату ибодат ва саҷда кардан манъ карданӣ шудааст, ту аз ӯ ҳеҷ бим мадор ва ӯро ҳеҷ итоат макун. Балки ба намозу саҷдаи худ бипардоз ва ба Ҳаққ (субҳонаҳу ва таъоло) наздик шав! Чунки намозу саҷда ва дигар ибодатҳо инсонро ба ҳазрати бениёзи Ӯ таъоло қариб мегардонаду ӯ бандаи мақбули даргоҳи Аллоҳтаъоло ҳисобида мешавад.

Дар ҳадис омада, ки банда ҳангоми саҷда нисбат ба дигар ибодатҳо дар ҳолати ба Аллоҳтаъоло наздиктарин мебошад. Маълум гардид, ки барои инсон ҳеҷ кор баҳонаи манъи намозу саҷда шуда наметавонад.

Намонад ба исён касе дар гарав,

Ки дорад чунин саййиди пешрав.

Аз адибе.

Аллоҳумаҷъално минатт-тобиъина ли набиййил уммиййил ъарабиййил ҳошими Муҳаммадин (с). Омин!

Поёни сураи “Аалақ”. Ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Алақ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Алақ Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қадр – Тафсири Осонбаён (Қуръон)