Тафсири Сураи Анбиё Ояти 109 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 109
فَإِنْ تَوَلَّوْا فَقُلْ آذَنْتُكُمْ عَلَىٰ سَوَاءٍ ۖ وَإِنْ أَدْرِي أَقَرِيبٌ أَمْ بَعِيدٌ مَا تُوعَدُونَ ١٠٩
Фа ин таваллав фа қул азантукум ъала саваъ. Ва ин адри ақарӣбун ам баъӣду-м ма туъадун. 109.
109. Пас, агар рӯй гардонанд, пас, бигӯ: «Шуморо бар ваҷҳе, ки ҳама дар огоҳӣ баробар бошед, хабардор сохтам ва он чӣ ваъда дода мешавед, намедонам наздик аст ё дур.
Аллоҳ таъоло ба Расулуллоҳ (с) фармуд, ки агар баъд аз овардани ин ҳуҷҷатҳо боз мушрикон рӯй гардонанд, ба онҳо бигӯ, ки он чиро, ки ба он амр шудам, ошкоро ба шумо маълум кардам. Баъзеи шуморо махсус нагардонидам, ҳамаи шуморо баробар аз ҳақиқатҳои он ва аз азоби илоҳию эълони хатар огоҳ намудам. Аз ҳеҷ кас ҳеҷ чизро пинҳон накардам. Амали ман бо ман аст ва амали шумо барои шумост. Ҳар кас натиҷаи амали худро мебинад. Шумо ихтиёр доред, то ин ҳақиқати маълумшударо бипазиред ва ё напазиред. Сазое, ки дар муқобили ин кори ҳақ ба шумо ваъда шуда аст, ҳатман таҳқиқ хоҳад ёфт. Лекин намедонам замони иҷрошавии ваъдаи Худованд, ки ба шумо додааст, дур аст ва ё наздик. Мумкин аст, он ваъда муҷозоти рӯзи Қиёмат бошад. Зеро ҳеҷ кас ҳатто Расули Худо (с) аз замони барпошавии Қиёмат огоҳ нест. Замони вуқӯи он фақат ба Худои субҳон маълум аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «