Тафсири Сураи Анбиё Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 12
فَلَمَّا أَحَسُّوا بَأْسَنَا إِذَا هُمْ مِنْهَا يَرْكُضُونَ ١٢
Фа ламма аҳассу баъсана иза ҳум-м минҳа яркуЗун. 12.
12. Пас, чун азоби Моро (ме) диданд, онҳо аз он ҷо ногаҳон мегурехтанд.
Худованд аз ояти 12 то 15-уми ин сура манзараи ҳалокшавии кофиронро, ки дар ояти қаблӣ зикр шуд, муфассалтар баён намуда аст. Аз он ҷумла, дар ояти мазкур фармудааст, ки чун онҳо (мункирон) огоҳ шуданд ва бовариашон омад, ки хоҳ, нохоҳ азоб барои онҳо фуруд омаданӣ аст, дар маркабҳои худ нишаста, ба ҳар тараф мегурехтанд.
Дар он асно ба онҳо гуфта шуд…
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «