Сураи Анбиё Ояти 111 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 111 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 111

وَإِنْ أَدْرِي لَعَلَّهُ فِتْنَةٌ لَكُمْ وَمَتَاعٌ إِلَىٰ حِينٍ ١١١

Ва ин адрӣ лаъаллаҳу фитнату-л лакум ва матаъун ила ҳӣн. 111.

111. Ва намедонам, таъхири мавъуд (ваъдашуда) шояд озмоише ва баҳрамандӣ то муддате бошад».

Худованд дар оятҳои 109 ва 110 ва ин оят ба Расули Худ (с) фармуд, ки ба онҳо (мушрикон) бигӯ, ки ҳоло шумо аз дер омадани азоб дар фиреб наафтед, фикр накунед, ки он воқеъ намегардад, албатта, он чи Худованд ваъда кардааст, дер ё зуд амалӣ мешавад. Ман намедонам, шояд ба таъхир андохтани азоби ваъдашуда то муддате барои озмоиши шумо бошад. Ё шояд вобаста ба ҳикмат аст, то дар ин муддат каме фикр кунеду тааммул кунед. Оё ҳамчунон дар роҳи инкору гумроҳи боқӣ мемонед ва ё аз бадиҳо даст мекашед?


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 110 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 112 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)