Тафсири Сураи Анбиё Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 14
قَالُوا يَا وَيْلَنَا إِنَّا كُنَّا ظَالِمِينَ ١٤
Қолу йа вайлана инна кунна золимӣн. 14.
14. Гуфтанд: «Эй вой бар мо! Ҳаройина, мо ситамгор будем».
Ин суханоне аст, ки кофирон, ҳангоме ки ба азоб гирифтор мешаванд, мегӯянд. Яъне онҳо мегӯянд, ки мо бо шарик қарор додан ба Аллоҳ ва дурӯғгӯ ҳисобидани пайғамбарон ситамгор будем. Ба ин тартиб онҳо дар ҳолати ноилоҷӣ, ҳангоми гирифтор ба азоб ба гуноҳи худ эътироф мекунанд ва мегӯянд, ки эй вой бар мо, ки мо золим будем. Вале чӣ суд аз ин эътироф дар ин ҳангоми беҳангом?
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «