Сураи Анбиё Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 13

لَا تَرْكُضُوا وَارْجِعُوا إِلَىٰ مَا أُتْرِفْتُمْ فِيهِ وَمَسَاكِنِكُمْ لَعَلَّكُمْ تُسْأَلُونَ ١٣

Ла таркуЗу варҷиъу ила ма утрифтум фӣҳи ва масакиникум лаъаллакум тус-алун. 13.

13. (Гуфтем): «Магурезед! Ва ба сӯйи маконе, ки дар он шуморо осудагӣ дода шуд ва ба сӯйи хонаҳои хеш бозравед, то шояд, ки чун гузашта пурсида шавед!».

Худованд дар ин оят суханҳои ба кофирон, (ҳангоми гурез аз азоб), бо тамасхӯргуфтаи фариштагонро баён кардааст, ки эй мушрикон, аз он азоби бар сари шумо нозилшаванда нагурезед, ба сӯи василаҳое, ки бо онҳо дар нозу неъмати фарох, шодӣ ва айш зиндагӣ мекардед, бозгардед ва ҳамчунин ба хонаҳоятон, ки бо онҳо ифтихор доштед, баргардед, шояд бори дигар мисли гузашта пурсида шавед. Онҳо мехоҳанд, локин ҳайҳот дигар бозгашт барои онҳо нест, то бори дигар мағрур шаванд. Яъне онҳо дар нозу неъмат ва дар коху айвонҳои боҳашамат зиндагӣ доштанд. Чун шахсони мискину бечора аз онҳо чизе мепурсиданд, ба онҳо илтифоте намешуд ва онҳо маҳрум бозмегаштанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)