Сураи Анбиё Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 15

فَمَا زَالَتْ تِلْكَ دَعْوَاهُمْ حَتَّىٰ جَعَلْنَاهُمْ حَصِيدًا خَامِدِينَ ١٥

Фа ма залат тилка даъваҳум ҳатта ҷаъалнаҳум ҳасӣдан хомидӣн. 15.

15. Пас, гуфтори онҳо ҳамеша ин буд, то вақте ки онҳоро мисли зироъати даравидашуда пажмурда гардонидем.

Ояти мазкур давоми ояти қаблӣ буда, Худованд аз ҳоли кофирон хабар додааст, ки дар он асно, то замоне ки онҳоро бо азоб нобуд кардем ва ба монанди гиёҳи (кишти) даравшудаи беҳаракату пажмурдашуда гардонидем, ин суханро пайваста такрор мекарданду мегуфтанд, ки эй вой бар мо, воқеъан мо ситамгор будем.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)