Тафсири Сураи Анбиё Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 19
وَلَهُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَمَنْ عِنْدَهُ لَا يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِهِ وَلَا يَسْتَحْسِرُونَ ١٩
Ва лаҳу ман фи-с-самавати ва-л-арЗ. Ва ман ъиндаҳу ла ястакбируна ъан ъибадатиҳӣ ва ла ястаҳсирун. 19.
19. Ва Ӯрост он чӣ дар осмонҳо ва Замин аст ва ононе, ки назди Ӯянд, аз ибодати Ӯ саркашӣ намекунанд ва монда намешаванд.
Ҷамиъи махлуқҳо, чи дар осмонҳо ва чи дар замин офаридаи Худованд ҳастанд. Худованд соҳиби онҳост ва бо майлу хоҳиши Худ, дар мулки Худ ҳукмронӣ мекунад. Пас чӣ гуна метавон банда ва ё махлуқеро шарики Офаридгор қарор дод, то ҳамчун Ӯ таъоло мавриди парастиш қарор гирад?
Касоне (фариштагоне), ки баъзеи шумо онҳоро мепарастед, назди Ӯ ҳастанд, шаън ва манзалати худро аз парастиши Ҳақ таъоло бузургтар намешуморанд ва аз ибодату аз фармонбардорӣ дар пешгоҳи Ӯ сар боз намезананд. Онҳо худашон Худоро мепарастанд. Аз парастиш ва ниёйиши Парвардигори субҳон хаста намешаванд, балки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «