Тафсири Сураи Анбиё Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 20
يُسَبِّحُونَ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ لَا يَفْتُرُونَ ٢٠
Юсаббиҳуна-л-лайла ва-н-наҳара ла яфтурун. 20.
20. Тасбеҳ мегӯянд шаб ва рӯз, сустӣ наменамоянд.
Худованд дар ин оят васфи сифатҳои фариштагонро идома дода хабар додаст, ки онҳо ҳамеша (шаб ва рӯз) дар тасбеҳ гуфтан (Худоро бо покӣ ёд кардан) ва нийёиши Ҳақ таъоло пойбанданд, на аз он эҳсоси заъф мекунанд ва на малӯлу дилгир мешаванд. Пас, чӣ гуна махлуқе шарики Худованд қарор дода мешавад?
Дар ҳадиси шариф омада аст: «Тасбеҳ гуфтан барои фариштагон ба манзалаи нафас кашидан барои мост».
Худованд дар оятҳои қаблӣ зикр кард, ки тамоми мавҷудоте, ки дар осмонҳо ва Заминанд, ҳатто фариштагони муқарраб низ мудом дар итоъати Ӯ таъоло ҳастанд.
Ҳоло дар ояти навбатӣ Худованд ба нодонии мушрикон ишора намуда фармудааст, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «