Сураи Анбиё Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 21

أَمِ اتَّخَذُوا آلِهَةً مِنَ الْأَرْضِ هُمْ يُنْشِرُونَ ٢١

Ам-иттахазу олиҳата-м мина-л-арЗи ҳум юнширун. 21.

21. Оё аз (матоъи) Замин чунин маъбудон гирифтаанд, ки баъди марг онҳоро боз барангезанд?

Худованд дар ин оят ҷаҳолати мушриконро изҳор намуда, бо инкор ва тааҷҷуб фармудааст, ки оё онҳо (мушрикон) аз матоъ ва аз махлуқҳои Заминӣ (тилло ва нуқра) барои худ «худо» дуруст карданд? Оё ин «худоён»-и онҳо тавоноии зинда кардани мурдагонро доранд? Ҳаргиз надоранд! Балки «худоён»-и онҳо кар, кӯр ва гунганд, ки қудрат ва тавоноии анҷом додани ҳеҷ кореро надоранд. Барои маълумоти бештар ба ояти 73-умии сураи «Ҳаҷ» муроҷиъат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)