Тафсири Сураи Анбиё Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 39
لَوْ يَعْلَمُ الَّذِينَ كَفَرُوا حِينَ لَا يَكُفُّونَ عَنْ وُجُوهِهِمُ النَّارَ وَلَا عَنْ ظُهُورِهِمْ وَلَا هُمْ يُنْصَرُونَ ٣٩
Лав яъламу-л-лазӣна кафару ҳӣна ла якуффуна ъан вуҷуҳиҳиму-н-нара ва ла ъан зуҳуриҳим ва ла ҳум юнсарун. 39.
39. Агар кофирон сурати ҳоли он вақтро, ки аз рӯйҳо ва аз пуштҳои хеш оташро боздошта натавонанд ва онҳо нусрат дода намешаванд, бидонанд (чунин намегуфтанд).
Ояти мазкур ҷавоби саволи тамасхури мушрикон аст, ки ба сабаби ҷаҳлу нодонӣ азобро дар андешаашон соддаву саҳл меҳисобиданд ва бидуни андеша сухан мекарданд.
Дар давоми оят Худованд фармудааст, ки ҳангоме ки азоб (оташ) аз чаҳор тараф онҳоро иҳота кунад, аз ҳеҷ ҷониб онро ҳатто аз руйҳои худ ва на аз пуштҳои худ дур карда натавонанд ва на аз касе ба онҳо мададе расад, то азобро аз онҳо бартараф кунад, агар инро мефаҳмиданд, асло бо масхарабозӣ чунин суханро намегуфтанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «