Сураи Анбиё Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 40

بَلْ تَأْتِيهِمْ بَغْتَةً فَتَبْهَتُهُمْ فَلَا يَسْتَطِيعُونَ رَدَّهَا وَلَا هُمْ يُنْظَرُونَ ٤٠

Бал таътӣҳим бағтатан фа табҳатуҳум фа ла ястазӣъуна раддаҳа ва ла ҳум юнзарун. 40.

40. Балки қиёмат ба онҳо ногаҳон биояд, пас, онҳоро ҳайрон гардонад ва онро аз худ дафъ карда натавонанд ва онҳо муҳлат дода нашаванд.

Ояти мазкур давоми ояти қаблӣ буда, Худованд дар ин фармудааст, ки балки азоби оташи Дӯзах (ё қиёмат) ба онҳо ба таври ногаҳонӣ ва фаврӣ мерасад. Онҳо дар он ҳолат ба тавре ғофилгир мешаванд ва чунон саросемаву даҳшатзада мегарданд, ки дасту по гум мекунанд, намедонанд чӣ кор кунанд ва наметавонанд он азобро аз худ баргардонанд. Илова бар ин ба онҳо мӯҳлат дода намешавад, то тавба кунанд, ё узре пеш оваранд. Пас, дар он рӯз сари худро ба куҷо мезананд?


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)