Тафсири Сураи Анбиё Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 43
أَمْ لَهُمْ آلِهَةٌ تَمْنَعُهُمْ مِنْ دُونِنَا ۚ لَا يَسْتَطِيعُونَ نَصْرَ أَنْفُسِهِمْ وَلَا هُمْ مِنَّا يُصْحَبُونَ ٤٣
Ам лаҳум алиҳатун тамнаъуҳум-м мин дунина. Ла ястатӣъуна насра анфусиҳим ва ла ҳум-м минна юсҳабун. 43.
43. Оё ғайри Мо маъбудоне ҳастанд, ки аз мусибатҳо онҳоро нигоҳ медоранд (ҳол он ки) онҳо наметавонанд худро ва на онҳоро нусрат диҳанд ва на онҳо аз уқубати Мо бо ҷамъияташон маҳфуз бимонанд?!
Ояти мазкур бо унвони савол муроҷиат ба мушрикон буда, пурсидааст, ки оё ғайр аз Мо худоёни дигаре ҳам дар назди онҳо (мушрикон) вуҷуд доранд, ки дар баробари Мо аз онҳо дифоъ карда, аз азоби мазкур онҳоро наҷот диҳанд? Он сохтахудоҳо аз куҷо метавонанд аз ин азоб ҷилавгирӣ кунанд? Бечорагӣ ва дармондагии худоёни хаёлиашон ба ҳадде аст, ки ҳатто наметавонанд, ба худ ёрӣ диҳанд ва худро ҳимоя кунанд. Он худоёни хаёлӣ аз ҷониби Аллоҳтаъоло мадад намеёбанд ва ҳимоя намешаванд, пас чӣ гуна метавонанд дигаронро ёрӣ диҳанд ва муҳофизат кунанд?
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «