Тафсири Сураи Анбиё Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 44
بَلْ مَتَّعْنَا هَٰؤُلَاءِ وَآبَاءَهُمْ حَتَّىٰ طَالَ عَلَيْهِمُ الْعُمُرُ ۗ أَفَلَا يَرَوْنَ أَنَّا نَأْتِي الْأَرْضَ نَنْقُصُهَا مِنْ أَطْرَافِهَا ۚ أَفَهُمُ الْغَالِبُونَ ٤٤
Бал маттаъна ҳаулаи абааҳум ҳатта тала ъалайҳиму-л-ъумур. А-фа ла яравна анна наъти-л-арЗа нанқусуҳа мин атрафиҳа. А-фа ҳуму-л-ғолибун. 44.
44. Балки баҳраманд сохтем онҳоро ва падарони онҳоро, то вақте ки бар онҳо муддати умр дароз шуд. Оё намебинанд, ки Мо Замин (-и куфр)-ро даргирифт мекунем ва аз ҷонибҳои он мекоҳем, оё онҳо (чӣ гуна) ғалабакунандагонанд?
Бо вуҷуди ин далелҳои равшану раднашаванда мушрикони он аср ҳозир набуданд ҳақиқатро бипазиранд. Иллат ин нест, ки дар далелҳои овардашуда нуқсон вуҷуд дошта бошад, балки иллати аслӣ он аст, ки инҳо (мушрикони Макка)-ро ва падарону аҷдоди онҳоро дорои зиндагонии комил, сарват ва қудрат гардонидем, то ин ки онҳо муддати тӯлонӣ авлод ба авлод дар ҳолати айшу оромӣ қарор гирифтанд. Ҳеҷ садамаи азоби Илоҳӣ онҳоро такон надод. Онҳо гумон карданд, ки пайваста дар нозу неъмат хоҳанд монд. Онҳо аз ин ҳолату ишрати худ мадҳуш гашта, гӯё чашмҳояшон кӯр, гӯшҳояшон кар, гирифтори ғафлат шуда, пайғоми Ҳақ таъолоро нашуниданд ва аз пазируфтани панд ва насиҳати пайғамбарон рӯ гардониданд. Мушрикон чаро наменигаранд, то ин ҳақиқатро, ки амри Илоҳӣ ҳамеша ғолиб ва дигарон оҷизанд, бубинанд? Оё надиданд, ки Ислом дар сарзамини Араб рӯ ба афзоиш ниҳод ва куфр рӯ ба завол аст? Замини Араб оҳиста-оҳиста барои кофирон танг шуд, ҳукуматҳо ва раёсаташон рӯ ба инқироз ниҳод! Оё ин рӯйдодҳои возеҳ ва ошкорро мушоҳида намуда, оқибати амали худро дида наметавонанд? Оё бо ин ҳол умедворанд, ки бар Пайғамбар (с) ва мусулмонон ғолиб хоҳанд гардид? Ҳаргиз пирӯз нахоҳанд шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «