Сураи Анбиё Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 52

إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِ مَا هَٰذِهِ التَّمَاثِيلُ الَّتِي أَنْتُمْ لَهَا عَاكِفُونَ ٥٢

Из қола ли абӣҳи ва қавмиҳӣ ма ҳазиҳи-т-тамасилу-л-лати антум лаҳа ъакифун. 52.

52. Чун (Иброҳим) падар ва қавми худро гуфт: «Чист ин сурат (пайкар)-ҳо, ки шумо бар (парастиши) он гирд меоед?».

Калимаи «тимсол» чизеро ифода мекунад, ки ба чизи дигаре аз офаридаҳои Худованд шабеҳсозӣ шуда бошад. Дар ояти мазкур истифодаи ин калима, валлоҳу аълам, ба маънои таҳқир омадааст. Хулоса, бутҳое, ки дар даври Иброҳим (а) парастиш мешуданд шабеҳи ҳайвонҳо, паррандагон ва инсонҳо шаклкорӣ шуда буданд. Ба ривояте аз муфассирон он бутҳо 72 ё 90-то буданд. Бузаргтарини онҳо аз тилло сохта шуда буд ва дар ҷои чашмҳояш ду гавҳари қиматбаҳоро гузошта буданд.

Ояти мазкур баёнгари рушд ва ҳидояти Худованд аст, ки ҳангоми хурдсолӣ ба Иброҳим (а) ато шуда буд.

Иброҳим (а) аз синни хурдсолӣ, ба инкори парастиши муҷассамаҳо бархост ва бутонро таҳқир карда, ба падар ва қавми худ гуфт, ки ин бутон (тимсолҳо)-е, ки шумо ба парастиши онҳо пойбанд шудаеду гирд омадед, чистанд? Онҳо…


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)