Сураи Анбиё Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 53

قَالُوا وَجَدْنَا آبَاءَنَا لَهَا عَابِدِينَ ٥٣

Қолу ваҷадна абаана лаҳа ъабидӣн. 53.

53. Гуфтанд: «Падарони худро (ҳамчунин) барои онҳо парастандагон ёфтем».

Дар посух падари Иброҳим (а) ва дигар бутпарастон гуфтанд, ки падарони худро дар ҳоле ёфтем, ки ин муҷассамаҳоро парастиш мекарданд, пас, мо ҳам пайравӣ ва тақлид ба онҳо карда, бо роҳ ва равиши онҳо ба парастиши муҷассамаҳо пардохтем. Ибни Касир гуфтааст: “Ҷуз амали падарони гумроҳи худ далели дигаре дар даст надоштанд.”


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)