Сураи Анбиё Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 54

قَالَ لَقَدْ كُنْتُمْ أَنْتُمْ وَآبَاؤُكُمْ فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ ٥٤

Қола лақад кунтум антум ва абаукум фӣ Залали-м мубӣн. 54.

54. Гуфт: «Ҳаройина, шумо ва падарони шумо дар гумроҳии ошкор будед».

Бинобар он ки мушрикон дар таъйиди қавли худ ҳеҷ шаҳодати ақлӣ ва нақлии боэътимодро надоштанд, Иброҳим (а) ба он бутпарастон гуфт, ки бо ин далел ҳақ будани дониши шумо исбот нашуд. Албатта, он қадар собит аст, ки падарони шумо низ мисли шумо гумроҳ ва бехирад будаанд. Шумо ҳам бо тақлиди кӯр-кӯронаи аз онҳо, худро беҳуда табоҳ мекунед. Муфассирон гуфтаанд: “Бояд донист, ки шахси муқаллид (тақлидкор) дар сурате тақлид мекунад, ки пешвояш ба дарёфти далелҳо ва ҳукмҳои муътамад аз Китоб ва Суннат қодир аст. Вале дар айни ҳол бе далеле аз каси дигар қонеъ шаваду пайравӣ кунад, ба ин гурӯҳ шабоҳат дорад.” Боз қавми бутпараст ба Иброҳим (а)…


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)