Тафсири Сураи Анбиё Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 59
قَالُوا مَنْ فَعَلَ هَٰذَا بِآلِهَتِنَا إِنَّهُ لَمِنَ الظَّالِمِينَ ٥٩
Қолу ман фаъала ҳаза би алиҳатина иннаҳу ла мина-з-золимӣн. 59.
59. Гуфтанд: «Ин амалро ба маъбудон (Худоён)-и мо кӣ кардааст? Ҳаройина, вай аз ситамгарон аст».
Ҳангоме ки намрудиён аз маросими ҷашн ба бутхона баргаштанд ва «худоён»-и худро тамошо карданд, чӣ ҳол ба сари онҳо омадааст, диданд. Онҳо ин гуна амалро зишт донистанд, онро маҳкум намуданд ва сарзанишкунон гуфтанд, кӣ бо «худоён»-и мо чунин рафтор кардааст? Чӣ гуна ҷуръат кардааст, ки чунин ҷинояти бузургеро нисбат ба «худоён»-и мо содир кунад? Ҳар касе, ки ин «худоён»-ро шикастааст, воқеъан сахт золим аст. Дар посухи қавм…
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «