Сураи Анбиё Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 71

وَنَجَّيْنَاهُ وَلُوطًا إِلَى الْأَرْضِ الَّتِي بَارَكْنَا فِيهَا لِلْعَالَمِينَ ٧١

Ва наҷҷайнаҳу ва Лутан ила-л-арЗи-л-латӣ баракна фӣҳа лил ъаламӣн. 71.

71. Ва Иброҳим ва Лутро ба сӯйи Замине бираҳонидем, ки дар он барои ҷаҳониён баракат ниҳодем.

Худованд дар ин оят хабар додааст, ки Иброҳим (а) ва ҳамроҳи ӯ (а) (бародарзодааш) Лут (а)-ро наҷот дода аз сарзамини Ироқ, ки дар он Намруд ҳукмронӣ мекард, ба чунин сарзамине расонидем, ки дар он барои ҳамаи ҷаҳониён Мо баракат гузоштаем. Мурод аз сарзамини пурбаракат кишвари Шом (Сурияи ҳозира, Фаластин ва қисме аз давлатҳои ҳамсояи онҳо) аст, ки ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ пурбаракат аст.

Аз назари маънавӣ пурбаракат будани он сарзамин дар он аст, ки бо изну иродаи Илоҳӣ бештари Пайғамбарон (а) дар он ҷо таваллуд шудаанд ва шариатҳояшон, ки асоси камолот, хайроти динӣ ва дунё аст, аз он ҷо ба дигар сарзаминҳо мунташир шудааст.

Аммо аз назари моддӣ пурбаракат будани он сарзамин дар он аст, ки обу ҳавояш мӯътадил буда, чашма ва наҳрҳои зиёд дорад ва барои нашъунамои растаниҳо, ҳайвонот ва зиндагии инсон хеле мувофиқ аст. Нафъи он сарзамин на танҳо ба сокинони он кишвар, балки ба умуми мардуми ҷаҳон мерасад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)