Тафсири Сураи Анбиё Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 72
وَوَهَبْنَا لَهُ إِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ نَافِلَةً ۖ وَكُلًّا جَعَلْنَا صَالِحِينَ ٧٢
Ва ваҳабна лаҳу Исҳақа ва Яъқуба нафилаҳ. Ва куллан ҷаъална солиҳӣн. 72.
72. Ва ба Ӯ Исҳоқро ва Яъқуб, ки набераи Иброҳим буд, ато кардем ва ҳар якеро накӯкор сохтем.
Муфассирон зери эзоҳи ояти мазкур гуфтаанд, ки Иброҳим (а) дар пиронсолӣ аз Худо хост, ки ба ӯ фарзанде ато кунад. Чи тавре ки Худованд дар ояти мазкур хабар додааст, тибқи дуо ва дархост Худованд ба Иброҳим (а) Исҳоқ (а)-ро бахшид ва изофа ба дархости ӯ аз Исҳоқ (а) наберааш Яъқуб (а)-ро бахшид, зеро набера манзалати фарзандро дорад.
Дар давоми оят Худованд фармуд, ки ҳар як (аз он чаҳор тан): Иброҳим (а), Лут (а), Исҳоқ (а) ва Яъқуб (а)-ро аҳли хайру салоҳ (амалкунанда ба фармони Худованд ва бозистанда аз маъсият (гуноҳ) гардонидем.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «