Сураи Анбиё Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 74

وَلُوطًا آتَيْنَاهُ حُكْمًا وَعِلْمًا وَنَجَّيْنَاهُ مِنَ الْقَرْيَةِ الَّتِي كَانَتْ تَعْمَلُ الْخَبَائِثَ ۗ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمَ سَوْءٍ فَاسِقِينَ ٧٤

Ва Лутан атайнаҳу ҳукма-в ва ъилма-в ва наҷҷайнаҳу мина-л-қаряти-л-латӣ канат таъмалу-л хабаис. Иннаҳум кану қавма сав-ин фасиқӣн. 74.

74. Ва ба Лут ҳикмат ва илм додем ва ӯро аз деҳае, ки (аҳли он) корҳои нопок мекарданд, бираҳонидем. Ҳаройина, онҳо қавми баду гунаҳгор буданд.

Муфассирон калимаҳои «ҳукм ва илм»-ро дар ояти мазкур чун «нубувват (пайғамбарӣ) ва илм» тафсир кардаанд. Бо назардошти ин фикр қисми аввали ояти мазкур маънои зайлро ифода мекунад. Худованд дар ин оят гуфтааст, ки Мо ба Лут (а) паёмбарӣ, дониш ва фаҳми устувор ато кардем. Ибни Касир гуфтааст, ки Лут (а) ба Иброҳим (а) имон оварду аз ӯ (а) пайравӣ кард ва чун Иброҳим (а) гуфт, ки ман ба сӯи Парвардигорам муҳоҷират мекунам, Лут (а) ҳамроҳи ӯ (а) ҳиҷрат кард. Онгоҳ Худо ҳикмат ва илмро ба Лут (а) ато кард ва бар ӯ (а) ваҳйи худро фиристоду ӯ (а)-ро ба паёмбарӣ баргузид ва миёни қавми «Садум» равона кард. Садум дар канор ва атрофи худ ҳафт деҳаи дигар ҳам дошт. Аҳли Садум ва рустоҳои атрофи он ба феълҳои бисёр баду беҳуда мисли шаробхӯрӣ, раққосӣ, роҳзанӣ, кабӯтарбозӣ, пӯшидани либоси абрешим (мардон) холӣ кардани боди шикам назди мардум ва ғайра машғул буданд. Байни одатҳои бади онҳо бадтарину хабистаринаш «ливота» ҳамҷисбозӣ, бо ибораи асри мо «ҳомосексуализм» буд. Хулоса, онҳо бадзоту бадкор ва хабису гунаҳгор буданд. Баъзе аз қавм даъвати Лут (а)-ро қабул карданд, локин иддаи каме.

Чун ғазаби Илоҳӣ бар сари он қавм омаданӣ шуд, Лут (а) бо амри Аллоҳ таъоло ҳамроҳи муъминони қавми худ ба яке аз рустои атрофи Садум рафтанду наҷот ёфтанд. Пас, Ҷабраил (а) Садумро якҷоя бо шаш деҳи дигар бо фармони Худованд, зеру-забар кард ва бадкорону хабисон гирифтори ғазаби Худованд гаштанд. (нигоҳ. ба ояти. 77. с. «Ҳуд»).


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)