Сураи Анбиё Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 73

وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا وَأَوْحَيْنَا إِلَيْهِمْ فِعْلَ الْخَيْرَاتِ وَإِقَامَ الصَّلَاةِ وَإِيتَاءَ الزَّكَاةِ ۖ وَكَانُوا لَنَا عَابِدِينَ ٧٣

Ва ҷаъалнаҳум аиммата-н яҳдуна би амрина ва авҳайна илайҳим фиъла-л-хайроти ва иқома-с салати ва ӣтаа-з-закаҳ. Ва кану лана ъабидӣн. 73.

73. Ва онҳоро, ки бо фармони Мо роҳ менамуданд, пешво гардонидем ва ба сӯйи онҳо кардани некӯиҳо ва барпо доштани намоз ва додани закотро ваҳй фиристодем ва Моро ибодаткунандагон буданд.

Худованд дар ояти мазкур хабар додааст, ки Мо ҳамаи инҳо Иброҳим (а), Исҳоқ (а) ва Яъқуб (а)-ро бузургтарин аҳли хайр ва некӯкор қарор додем. Меъёри накӯкории бузургтарини онҳо исмат (куллан пок будан аз гуноҳ) аст, ки дар аҳли башарият ин мақом хоси пайғамбарон аст. Ба ин матлаб, ки ҳамаи онҳоро паёмбар ва онҳоро пешво қарор додем, ки ин ҳам аз хислатҳои хоси пайғамбарӣ аст. Мо ба сӯи онон барои анҷоми корҳои некӯ, махсусан барпо доштани намоз ва адои закот ваҳй (ҳукм) фиристодем. Ёдовар шудани намоз ва закот барои он аст, ки намоз бузургтарин ибодати баданӣ ва закот, валлоҳу аълам, беҳтарин ибодати молӣ аст.

Дар охири ояти мазкур Худованд фармуд, ки онон ибодаткунандагони комили Мо буданд ва ҳама вақт ҳангоми ибодат тавҳид ва ихлосро мадди назари худ медоштанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)