Тафсири Сураи Анбиё Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 76
وَنُوحًا إِذْ نَادَىٰ مِنْ قَبْلُ فَاسْتَجَبْنَا لَهُ فَنَجَّيْنَاهُ وَأَهْلَهُ مِنَ الْكَرْبِ الْعَظِيمِ ٧٦
Ва Нуҳан из нада мин қаблу фастаҷабна лаҳу фа наҷҷайнаҳу ва аҳлаҳу мина-л-карби-л-ъазӣм. 76.
76. Ва ба ёд ор Нӯҳро, чун пеш аз ин нидо кард. Пас, дуои ӯро қабул кардем, пас, ӯро ва касони ӯро аз андӯҳи бузург халос кардем.
Дар ин оят Аллоҳтаъоло Ҳабиби Худ (с)-ро фармудааст, ки қиссаи Нӯҳ (а)-ро, ки пеш аз замони Иброҳим (а) ва Лут (а) гузашта буд, ба ёд ор! Яъне Нӯҳ (а) қавми худро 950 сол ба роҳи Худошиносӣ даъват намуд. Дар ин муддати тӯлонӣ пайравони Нӯҳ (а), ки ададашон на он қадар зиёд буд, гирифтори ранҷҳо ва машаққатҳои тоқатфарсо гаштанд, ки сабаби ғаму андӯҳ ва парешонии бузурги онҳо буд. Билохира, чуноне ки Худованд дар ояти 10-уми сураи «Қамар» хабар додааст, Нӯҳ (а) ба даргоҳи Илоҳи дуо кард: «Иннӣ мағлубун фантасир» (Ман мағлуб шудам, пас маро нусрат деҳ!).
Худованди таъоло дар давоми оят фармуд, ки Мо дуои Нӯҳ (а)-ро қабул кардем ва ӯ (а)-ро бо ҳамроҳии пайравонаш (муъминон) аз ғаму андӯҳи бузург халос гардонидем. Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «