Сураи Анбиё Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 77

وَنَصَرْنَاهُ مِنَ الْقَوْمِ الَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا ۚ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمَ سَوْءٍ فَأَغْرَقْنَاهُمْ أَجْمَعِينَ ٧٧

Ва насарнаҳу мина-л қавми-л-лазӣна каззабу би айатина. Иннаҳум кану қавма сав-ин фа ағрақнаҳум аҷмаъӣн. 77.

77. Ва ӯро бар қавме ки оятҳои Моро дурӯғ шумориданд, нусрат додем. Ҳаройина, онҳо гурӯҳи бад буданд, пас, онҳоро, ҳама якҷоя ғарқ кардем.

Ояти мазкур (валлоҳу аълам) давоми ояи 76 буда дар он сифатҳои қавми Нӯҳ (а) ва тарзи ёрӣ (нусрат)-и Аллоҳ таъоло ба Нӯҳ (а) нисбатан возеҳтар баён шудааст. Аммо дар сураи «Нӯҳ» ин қисса боз ҳам муфассалтар омадааст.

Яке аз сифатҳои бади қавми Нӯҳ (а) дурӯғ пиндоштани оятҳои Худованд буд. Саркашӣ ва дурӯғпиндории онҳо то ба ҳадде расида буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ онҳо розӣ набуданд, то сухани пайғамбарашонро қабул кунанд. Онгоҳ Нӯҳ (а) ба даргоҳи Худованд дуо кард: «Раббӣ ла тазар ъала-л-арзи мина-л-кафирина даййёро» (Парвардигоро, ҳеҷ ҷунбандае аз кофиронро дар рӯи Замин боқӣ нагузор) (Сураи. «Нӯҳ». Ояти. 26). Ҳақ таъоло дуояшро қабул фармуд. Нӯҳ (а) ва муъминони қавмашро, то ин ки кофирон ба онҳо осебе нарасонанд, то охир ҳимоят кард.

Дар давоми оят қавми Нӯҳ (а)-ро Худованд «қавми баде» номид, ки дар онҳо дигар сифатҳои палид низ вуҷуд дошт, ки бадтарини он куфр аст.

Дар охир Худованд хабар додааст, ки пас ҳеҷ касе аз онҳо (кофирон)-ро боқӣ (зинда) нагузоштем, бузургу хурд, марду зан ҳамаро бо сабаби дар бадиҳо (гуноҳҳо) пофишориашон дар тӯфон ғарқ намудем, ҳатто як нафари онҳо боқӣ намонд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)