Тафсири Сураи Анбиё Ояти 89 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 89
وَزَكَرِيَّا إِذْ نَادَىٰ رَبَّهُ رَبِّ لَا تَذَرْنِي فَرْدًا وَأَنْتَ خَيْرُ الْوَارِثِينَ ٨٩
Ва Закариййа из нада Раббаҳу Рабби ла тазарнӣ фарда-в ва анта хайру-л-варисӣн. 89.
89. Ва ёд кун Закарийёро, чун ба ҷониби Парвардигори худ нидо кард: «Эй Парвардигори ман, маро танҳо магзор ва ту беҳтарин ворисонӣ!».
Худованд дар ин оят ба Расули Худ (с) хитоб намуда, фармудааст, ки ай Муҳаммад (с), хабари Закариё (а)-ро ёдовар шав, ки мухлисона аз Худо хост ва гуфт, Худоё! Маро танҳо ва бидуни фарзанду ворис магзор. Зеро Ту беҳтарини ворисонӣ.
Абдуллоҳ ибни Аббос (р) гуфтааст: «Дар он мавқеъ аз умри Закариё (а) сад сол гузашта буд ва занаш дар синни наваду нуҳ солагӣ қарор дошт», Закариё (а) дар давоми дуояш гуфт, ки агар ба ман фарзанде ҳам иноят накунӣ, боке нест, зеро Ту ҳамаро басандаӣ. Медонам, ки Ту динатро зоеъ намекунӣ ва ҳатман касони солеҳро аз байни бандагонат бармегузинӣ, ки ба таблиғи динат мепардозанд. (Имом Фахри Розӣ. 22/271).
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «