Сураи Анбиё Ояти 90 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 90 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 90

فَاسْتَجَبْنَا لَهُ وَوَهَبْنَا لَهُ يَحْيَىٰ وَأَصْلَحْنَا لَهُ زَوْجَهُ ۚ إِنَّهُمْ كَانُوا يُسَارِعُونَ فِي الْخَيْرَاتِ وَيَدْعُونَنَا رَغَبًا وَرَهَبًا ۖ وَكَانُوا لَنَا خَاشِعِينَ ٩٠

Фастаҷабна лаҳу ва ваҳабна лаҳу Яҳйа ва аслаҳна лаҳу завҷаҳ. Иннаҳум кану юсариъуна фи-л-хайроти ва ядъунана рағаба-в ва раҳаба. Ва кану лана хошиъӣн. 90.

90. Пас, дуои ӯро қабул кардем ва ба ӯ Яҳёро бахшидем ва барои ӯ зани ӯро некӯ сохтем. Ҳаройина, ин пайғамбарон дар некиҳо шитоб мекарданд ва Моро бо умеду хавф мехонданд ва барои Мо ниёзманд буданд.

Худованд дар ояти мазкур хабар додааст, ки ҳарчанд Закариё (а) дар синнӣ пирӣ буд, аммо дуои ӯ (а)-ро иҷобат (қабул) кардем, ва ба онҳо фарзанд Яҳё (а)-ро ато кардем. Дар давоми оят Аллоҳ таъоло фармудааст, ки дуои пайғамбарони мазкурро аз ин ҷиҳат қабул кардем, ки онҳо солеҳ (накӯкор) буданд ва дар тоати Худо ҷиддияту кӯшиш ба харҷ медоданд ва дар иҷрои амалҳои нек шитоб мекарданд.

Онҳо дар ҳоли хушӣ ва нохушӣ, дар роҳат ва ранҷ, дар талаби хайр (некӣ) ва дафъи бадӣ Моро мехонданду аз Мо талаб мекарданд ва худро ниёзманд медонистанд.

Онҳо дар ҳолати ниҳон ва ошкор дар пешгоҳи Худо бо фурӯтанӣ ва хавф сар хам карда, дуою зорӣ мекарданд. Пас ин гуна дуои онҳо сазовори иҷобат буд.

Дар ояти зер қиссаи Марям (а) ёдовар мешавад, ки аҷибтар аз қиссаи аввал аст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 89 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)