Тафсири Сураи Анбиё Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 91
وَالَّتِي أَحْصَنَتْ فَرْجَهَا فَنَفَخْنَا فِيهَا مِنْ رُوحِنَا وَجَعَلْنَاهَا وَابْنَهَا آيَةً لِلْعَالَمِينَ ٩١
Ва-л-лати аҳсанат фарҷаҳа фа нафахна фӣҳа ми-р руҳина ва ҷаъалнаҳа вабнаҳа аята-л лил ъаламӣн. 91.
91. Ва (ёд кун) занеро, ки бо иффат (покӣ) шармгоҳи худро нигоҳ дошт, пас, дар он рӯҳи худро дамидем ва ӯро ва писари ӯро бар оламиён нишона сохтем.
Мувофиқи маълумоти ояти ин сура Марям (а) духтари Имрон буд. Имрон аз олимони бузурги яҳудиён ва соҳиби обрӯю иззат буд ва сардори яҳудиёне, ки муъминҳои он давра буданд, ба ҳисоб мерафт. Исми модари Марям (а) Ҳинна буд. Бинобар назре, ки модараш карда буд, Марямро дар синни қӯдакӣ ба ходимони ибодатхонаи яҳудиён «Ҳайкал» супорид. Марям (а)-ро дар ин ибодатхона Закариё (а) ба кафолат гирифт ва тарбия кард.
Хулоса, Худованд дар ин оят ба Расули Худ (с) фармудааст, ки қиссаи Марям (а)-ро ба ёд ор, ки ӯ (а) шахсест, ки номус ва иффати худро аз мардон нигаҳ дошт. Пас ба Ҷабраил (а) фармон додем, ки дар гиребони пероҳани ӯ (а) бидамад. Чун ин амалро иҷро кард ва даму нафаси Ҷабраил (а) вориди бадани Марям (а) шуд, ҳомила гашт. Ҳамлаш Руҳуллоҳ Исо (а) буд. Дар ин ҷо Худованд рӯҳи Исо (а)-ро ба Худаш нисбат дода «мин руҳина» (аз руҳи худ) гуфтааст. Ин барои бузургдошти Исо (а) аст.
Дар давоми оят Худованд фармудааст, ки Мо Марям (а) ва писари ӯ Исо (а)-ро нишонаи қудрати комили Хеш қарор додем, ки бо дидан ва шунидани он мардум бифаҳманд, ки Худованди мутаъол бар ҳар кор қодир аст. Ӯ таъоло метавонад бидуни падару модар монанди Одам (а), инчунин аз пиразани нозоям ва пирамарди солхӯрда монанди Яҳё (а) фарзанди Закариё (а) инсон биофарад. Мардум бояд аз ин қиссаҳо ибрат бигиранд.
Барои маълумоти бештар ба ояти 20-уми сураи «Марям» муроҷиъат шавад. Муфассирон гуфтаанд, ки то ин ҷо қиссаҳои анбиё ва дар зимни онҳо бисёре аз масъалаҳои аслӣ чун яктопарастӣ, боварӣ ба ҳамаи пайғамбарон ва ба рӯзи охират, ки асоси даъвати пайғамбарон (а) аст, баён гардид. Дар оятҳои баъдӣ (92-105) аз қиссаҳои пайғамбарон (а) натиҷагирӣ шуда, мазаммати ширк баён мегардад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «