Сураи Анбиё Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 96

حَتَّىٰ إِذَا فُتِحَتْ يَأْجُوجُ وَمَأْجُوجُ وَهُمْ مِنْ كُلِّ حَدَبٍ يَنْسِلُونَ ٩٦

Ҳатта иза футиҳат Яъҷуҷу ва Маъҷуҷу ва ҳум-м мин кулли ҳадаби-н янсилун. 96.

96. То вақте ки (қайди) Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ кушода шавад ва онҳо аз ҳар баландӣ бишитобанд,

Дубора зинда шуда баргаштани онҳо замоне имконпазир аст, ки ҳодисаи Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ воқеъ гардад, ки он яке аз аломатҳои барпошавии рӯзи қиёмат аст. Баъд аз фуруд омадани Исо (а), ҳангоме ки Қиёмат наздик мешавад, қавми Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ садди Искандари Зулқарнайнро шикаста, ба ҳуҷум мепардозанд. Ҳуҷуми селосои онҳо аз сабаби бисёрии адади лашкар, чунон бо суръат анҷом мегирад, ки гуё аз баландиҳо ба осони давон-давон фаромада истодаанд, ки ягон қувва онҳоро боздошта наметавонад.

Дар «Саҳеҳ»-и Муслим бо ривояти Ҳузайфа (р) омадааст, ки эшон фармуданд: «Мо чанд нафаре аз саҳоба рӯзе бо ҳам суҳбат доштем. Расули акрам (с) ташриф оварду гуфт: «Бо ҳам чи суҳбате доред?» Арз кардем: «Аз қиёмат суҳбат мекунем». Расулуллоҳ (с) фармуд: «То замоне ки даҳ аломати қиёмат барпо нашавад, қиёмат зоҳир нагардад». Аз он миён хуруҷи Яъҷуҷ ва Маъҷуҷро низ зикр намуданд».


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 95 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)