Сураи Анбиё Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 97

وَاقْتَرَبَ الْوَعْدُ الْحَقُّ فَإِذَا هِيَ شَاخِصَةٌ أَبْصَارُ الَّذِينَ كَفَرُوا يَا وَيْلَنَا قَدْ كُنَّا فِي غَفْلَةٍ مِنْ هَٰذَا بَلْ كُنَّا ظَالِمِينَ ٩٧

Вақтараба-л-ваъду-л-ҳаққу фа иза ҳия шахисатун абсару-л-лазӣна кафару йа вайлана қад кунна фӣ ғафлати-м мин ҳаза бал кунна золимӣн. 97.

97. Ва ваъдаи рост наздик аст, ки бирасад. Пас, ногаҳон ҳол чунон бошад, ки чашми кофирон боло дӯхта шавад (гӯянд): «Вой бар мо, ҳаройина, аз ин ҳол дар ғафлат будем, балки ситамгор будем».

Чун Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ аз банд кушода шаванд, «ваъдаи ҳақ», яъне барпошавии қиёмат наздик мешавад. Ҳоли кофирон дар он рӯз чунин аст, ки аз шиддати тарсу ҳарос чашмҳояшон ба сӯи ҳодисаи даҳшатнок то он андоза дӯхта мешавад, ки тақрибан атрофи худро намебинанд. Дар он ҳол бо ҳасрату надомат мегӯянд, ки вой бар ҳоли мо! Афсӯс, то замоне ки дар дунё будем, дар ғафлати комил қарор доштем ва аз ин сарнавишти шуму аз ин рӯзи иборатангез бехабар мондем; барои ин рӯз (рӯзи қиёмат) ва ҳисобу китоби он омодагӣ ҳам нагирифтем. Баъд кирдори ношоями худро дар зиндагии дунё ёдовар шуда, ғафлати худро инкор намекунанд, балки ҳақиқати талхро эътироф карда мегӯянд, ки мо аз омадани рӯзи қиёмат ғофил набудем. Пайғамбарон аз омадани ин рӯзи даҳшатбор моро огоҳ карда буданд. Аммо мо дар ҳақиқат пайғамбаронро дурӯғгӯ шуморидем, имон наовардему итоъат накардем, амри Парвардигорро тарк намуда бар худ зулму ситам кардем. Сипас, ба онҳо дар он асно гуфта мешавад, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)