Сураи Анбиё Ояти 95 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 95 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 95

وَحَرَامٌ عَلَىٰ قَرْيَةٍ أَهْلَكْنَاهَا أَنَّهُمْ لَا يَرْجِعُونَ ٩٥

Ва ҳарамун ъала қарятин аҳлакнаҳа аннаҳум ла ярҷиъун. 95.

95. Ва бар ҳар (аҳли) деҳае, ки онро ҳалок кардем, маҳол аст, ки (ғайри маъод бозгашт ба дунё) бозгарданд,

Дар ояти қаблӣ зикри муъмин ва оқибати амалҳои некӣ он баён шуд. Дар ояти таҳти назар зикри аҳволи кофирон баён шудааст. Ибни Аббос (р) дар шарҳи ояти мазкур чунин гуфтааст: «Вақто ки аҳли минтақаеро (барои куфр ва саркашишон) нобуд кардем, бори дигар муҳол аст, ки онҳо ба (ин) дунё баргарданд».

Яъне онҳо баъд аз ҳалок шудан, ба ин дунё бозгардонида намешаванд, то ба гуноҳҳои худ иқрор шаванд, тавба кунанд ва ба сӯи Худои таъоло руҷӯъ намоянд. Ояти зер давоми ояти қаблӣ буда, дар он замони бозгашти аҳли рустоҳое, ки бо сабаби куфр ҳалок шуда буданд, баён шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 94 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)